Ожонси мубориза бо фасод Зайд Сайидовро бозпурсӣ мекунад

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, яке аз тоҷирони қудратманд, ки батозагӣ ба фаъъолияти сиёсӣ пардохта, мегӯянд бозпурсии ӯ тавассути маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон идома дорад ва ба онҳо иҷозаи мулоқот бо мувакилашонро надодаанд.
Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизбе мавсум ба "Тоҷикистони нав" ва соҳибкори муваффақи тоҷик ҳудуди 12 соъат боз аз сӯйи маъмурони ин ожонс бозпурсӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин соъот кормандони ожонс манзил ва дафтари оқои Саидовро мавриди бозҷӯйӣ қарор медиҳанд.
Шуҳрат Қудратов, яке аз се нафар вукалои мудофеъи оқои Саидов, рӯзи якшанбе ба Би-би-сӣ гуфт: "Масъулони Ожонс ба мо гуфтаанд, ки ҳанӯз алайҳи оқои Саидов парванда боз накарда ва танҳо суҳбатеро бо вай анҷом медиҳанд.
Аммо тибқи қонуни Тоҷикистон ҳар фарде, ки беш аз се соъат ба чунин ниҳодҳо даъват мешавад, ҳаққи истифода аз вакили мудофеъро дорад. Аз ин рӯ ҳоло ҳаққи оқои Саидов нақз шудааст.”
Вай мегӯяд, ки онҳо мунтазири онанд, ки баъд аз гузашти 12 соъат аз боздошти оқои Саидов, масъулони Ожонс бар асоси қонуни мавҷуд дар Тоҷикистон барояшон ин амали хешро шарҳ диҳанд.
Ҳамчунин вукалои мудофеъи оқои Саидов бо ишора ба он ки вай намояндаи маҷлиси шаҳри Душанбе буда ва аз масуният бархӯрдор аст, мегӯянд, ки боздошти Зайд Саидов ғайриқонунӣ аст. Тибқи қавонини Тоҷикистон вукалои шӯроҳои маҳаллиро танҳо баъд аз тасмими иҷлоси Шӯро дар бораи қатъи намояндагӣ метавон таҳти пайгарди қонун қарор дод.
Ин дар ҳолест, ки дар хабари имрӯзи сойти расмии Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон иттилоъот дар мавриди иттиҳомоти ҷадиди ворида алайҳи оқои Саидов пахш шудааст.
Дар ин хабар омадааст, ки ин ожонс "парвандае ҷиноӣ" дар мавриди мазнун донистани вазири собиқи саноеъ ва энержии Тоҷикистон дар содир намудани ҷиноёти "махсусан сангин" аз қабили "ришвахорӣ дар ҳаҷме махсусан калон", "қаллобӣ бо истифодаи мақоми хидматӣ дар ҳаҷми махсусан калон", "суистифода аз ваколатҳои мансабӣ" таҳқиқе муқаддамотӣ анҷом медиҳад.
Масъулони Ожонс гуфтаанд, ки ин ҳолатҳо дар робита ба ин ҷароим, дар ҷараёни таҳқиқоти парвандаи ҷиноии Низомхон Ҷӯраев, яке дигар аз сармоядорони Тоҷикистон ифшо шудааст.
Қаблан додситонӣ хабар дода буд, ки алайҳи Зайд Саидов барои "чандҳамсарӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Аммо Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизбе мавсум ба "Тоҷикистони нав" дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ дар 12 майи соли равон иттиҳомоти давлат алайҳи худро бепоя хонд. Қаблан оқои Саидов баъд аз чанд рӯз аз гузашти замони эъломи таъсиси ҳизбе ҷадид, аз таҳдид ба ҷони худ хабар дода буд. Ҳамчунин оқои Саидов тарҳи ин иттиҳомотро ба талошҳояш барои таъсис ва сабти номи ҳизбе ҷадид бо номи "Тоҷикистони нав" муртабит донист.
Вай он замон, ки раёсати Иттиҳодияи варзикшорони тениси рӯйи мизро бар уҳда дорад, барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳонии Тенниси рӯйи миз ба Порис рафта буд ва дар мусоҳиба гуфт, ки "бегуноҳ аст ва ба ватан бозхоҳад гашт."
Аммо бар асоси иттилоъи вукалои мудофеъ, Зайд Саидовро субҳи имрӯз дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз бозгашт аз Фаронса кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон пешвоз гирифта ва аз он ҷо ба бинои ин ниҳод, ки дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ аст, интиқол додаанд.
Дар ҳамин ҳол бархе аз соҳибназарон чунин шеваи боздошт ва муттаҳам кардани афроди "мухолиф ва ё нолозим" ба давлати кунунӣ дар Точикистонро як амри маъмулӣ барои кормандони интизомии ин кишвар дар даҳсолаи ахир медонанд.
