Гурӯҳи “Тоҷикистони нав” аз таҳдид ба ҷони Зайд Саидов хабар дод

Афроде номаълум дар сурати даст накашидани Зайд Саидов аз тарҳи таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистон нав" ба ҷони ӯ таҳдид кардаанд.
Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 10-уми май дар нишасти матбуъотии таъҷилии гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" эълом шуд.
Ин гурӯҳ, ки раҳбарии онро Зайд Саидов, тоҷири матраҳ ва вазири собиқи саноеъи Тоҷикистон бар ӯҳда дорад, ҳамчунин бо интишори баёнияе аз фишорҳо ва мавонеъ дар роҳи сабти номи ҳизби "Тоҷикистони нав" хабар доданд.
Нишасти хабариро Маҳмудҷон Қосимов, як тан аз масъулони Гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” мизбонӣ кард, зеро гуфта мешавад худи оқои Саидов дар ин лаҳза машғули анҷоми мулоқотҳое аз ҷумла дар вазорати кишвар будааст.
Оқои Қосимов ба хабарнигорон гуфт, ки афроди номаълум аз тариқи телефон ва паёмак (SMS) ба Зайд Саидов таҳдид карда ва хостори канор рафтанаш аз саҳнаи сиёсӣ шудаанд. Ӯ гуфт, ки дар паёми дорои алфози қабеҳи ин афрод аз оқои Саидов тақозо шуда, то ӯ аз таъсиси ҳизби сиёсӣ худдорӣ кунад. Таҳдид шудааст, ки дар ғайри ин сурат онҳо алайҳи ӯ "чораҳои ҷиддӣ" меандешанд.
Оқои Қосимов гуфт, Гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизб ин таҳдидро ҷиддӣ гирифта ва дар ин маврид Вазорати кишвар ва Кумитаи амнияти миллии кишварро муталеъ сохтааст.
Баёнияи гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", ки дар ин нишаст қироъат шуд, аз фишорҳои фазоянда бар фаъолиятҳои иҷтимоъӣ ва иқтисодии Зайд Саидов, раҳбари ин гурӯҳ хабар додааст.
Дар ин баёния мехонем, ки ҳамаи ширкатҳои вобаста ба ин соҳибкори матраҳ ҳамзамон аз ҷониби ниҳодҳои мухталифи Тоҷикистон мавриди бозрасӣ ё тафтиш қарор гирифтаанд.
Дар нишасти матбуъотӣ эълом шуд, ки 30 узви Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон дар як ҳамоиши изтирорӣ хостори барканории Зайд Саидов аз мақомоти раҳбари шӯрои ин анҷуман шуданд. Аз сӯйи дигар, Иттиҳоди касабаи Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳозир нест толори худро барои баргузории Анҷумани муассисон дар ихтиёри ин гурӯҳи “Тоҷикистони нав” гузорад.
Ин гурӯҳ дар баёнияи худ дубора таъкид бар аҳдофи таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" кард ва навиштааст, ки қарор нест ин ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ширкат кунад, балки мехоҳад барои интихоботи порлумонии соли 2015 омодагӣ бигирад.
Баёния эҷоди мушкилу мавонеъ дар роҳи фаъолияти Гурӯҳи мубтакирон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон қотеъона маҳкум карда аз мақомоти давлатӣ дархост карда, аз ин гуна аъмоли иғвоангез ҷилавгирӣ кунанд.
Зимнан, дар авоили моҳи гузашта Зайд Саидов, вазири пешини саноеъи Тоҷикистон ва раҳбари Шӯрои анҷумани соҳибкорони ин кишвар зимни як нишасти хабарӣ эълом кард, ки гурӯҳе таҳти раҳбарии ӯ қасд дорад ҳизби ҷадиди сиёсӣ бо номи “Тоҷикистони нав” таъсис бидиҳад.
Оқои Саидов гуфта буд, ҳизби ҷадид "ҳизби иззату эҳтироми инсон, ҳизби муҳофизи ҳуқуқи башар, ҳизби озодии эътиқоду сухан" хоҳад буд ва он ба зудӣ дар Вазорати адлия сабти ном хоҳад шуд.
Чеҳраҳои саршиносе чун, пруфесур Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани мудироини миллӣ, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷомани миллии сиёсатмадорон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва Ҷамшед Ҳафизов, муъовини раиси ширкати "Тоҷик-Сохтмон-Байналмилал” ба гурӯҳи мубтакирони ҳизби “Тоҷикистони нав” афроди шомил ҳастанд.
