Эъломи таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав"

Зайд Саидов, тоҷири шинохта ва вазири пешини саноеъи Тоҷикистон дар бораи таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ таҳти унвони "Тоҷикистони нав" хабар дод.
Ӯ ин хабарро дар нишасти хабарии рӯзи шанбе, 6-уми апрел ба хабарнигорон эълом кард ва гуфт, ки ҳизби ӯ бо номи "Тоҷикистони нав" базудӣ дар вазорати адлия сабти ном хоҳад шуд.
Ин ҳизб худро "ҳизби иззату эҳтироми инсон, ҳизби муҳофизи ҳуқуқи башар, ҳизби озодии эътиқоду сухан" муаррифӣ мекунад.
Дар ин нишаст Зайд Саидов ҳамчун раҳбари гурӯҳи ташаббускорони таъсиси ин ҳизб муаррифӣ шуд. Вай дар ҳоли ҳозир раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорону иттиҳодияҳои иҷтимоъии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.
Оқои Саидов дар ин нишаст гуфт, ки тарафдорони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" барои тағйири вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон ниёз ба таъсиси ин ҳизбро диданд.
Зайд Саидов гуфт: "Мо мебинем, ки фазои навмедӣ кишварро фаро гирифтааст. Ноумедӣ ба ояндаи хубу дурахшон. Мутаасифона неруи созанда ва ақлонӣ кишварро ҳамасола тарк мекунанд."
Вай афзуд, ки таъсисдиҳандагони ҳизби нав, ки худро технократ мехонанд, мехоҳанд нерӯи худро барои тағйири ин вазъ ба харҷ бидиҳад.
Ӯ афзуд: "Мехоҳем вазъи иқтисодии мардум тағйир ёбад, ноумедиро аз байн барем, бо фикр ва пешниҳодҳои тоза дар шаклгирии ҳайти сиёсӣ ва иҷтимоъӣ саҳм бигирем."
Дар эъломияи "Тоҷикистони нав" мехонем: "Мо дарк мекунем, ки Тоҷикистон ниёз ба ташкили ҳизбе дорад, ки тамоми нерӯҳои муътадил, созанда ва марказгароро дар худ гирд оварда, онҳоро аз фурӯ рафтан ба ихтилофи сиёсӣ ҳифз намояд. Ҳизбе ки сирфан идеологӣ наандешад, гурӯҳӣ фикр накунад, маҳаллӣ амал нанамояд, балки воқеъбин бошад."
Бо ин ки дар ин эъломия ба марказгаро будани ҳизб таъкид шудааст, масъулони ин ҳизб дар канори "талошҳои ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ" аз талошҳои "раҳбари давлат" барои "ҳалли масъалаҳои усулии давлатдорӣ, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар ва таъмини субот" тақдир кардаанд.
Ин гурӯҳ ҷадиди сиёсӣ меафзояд, ки "Бояд эътироф намуд, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоъии мардум то имрӯз ҳалли воқеъии худро наёфтаанд" ва сипас ҳушдор медиҳад, ки "ин ҳолат тамоми дастовардҳои дигари сиёсию давлатии моро бо хатари ҷиддӣ рӯбарӯ кардааст."
Маълум нест, ки манзури муассисони ҳизби "Тоҷикистони нав" аз "хатари ҷиддӣ" чист. Аммо масъулони ин ҳизб аз саволу ҷавоб бо хабарнигорон дар ҳоли ҳозирро нолозим хонданд.
Онҳо гуфтанд, ки пас аз анҷоми раванди сабти ном ин ҳизб нишасти матбуъотии муфассале баргузор хоҳад кард.
Чунин ба назар мерасад, ки Зайд Саидов раҳбарияти ҳизби навтаъсисро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Ҳарчанд исми оқои Саидов, ки қаблан дар кобинаи давлат ифои вазифа мекард, ҳоло ба унвони як тоҷири муваффақ дар ҷомеъа матраҳ аст, ворид шудани ӯ ба саҳнаи сиёсӣ дар раъси як ҳизби ҷадид ғайримунтазира будааст.
Аммо мусаллам аст, ки ин ҳизб мехоҳад афроди навандеш ва ба истилоҳ текнократ ва зиёиро дар суфуфи худ гирди ҳам оварад.
Зеро дар эъломияе, ки гурӯҳи муассисони ҳизби "Тоҷикистон нав" ба хабарнигрон тавзеъ доданд мехонем: "Тоҷикистони нав" ҳизби афроди воқеъбин, амалгаро, текнократ, зиёӣ, муттахасси, навандеш ва навовар хоҳад буд."
Оқои Саидов дар миёни афроди шомил ба "ҳайъати ташаббускорони таъсиси ҳизб" аз ҷумла пруфесур Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани мудироини миллӣ, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷомани миллии сиёсатмадорон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон, Ҷамшед Ҳафизов, муъовини раиси ширкати "Тоҷик-Сохтмон-Байналмилал"-ро номбар кард.
Тобистони соли гузашта Зайд Саидов раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорону иттиҳодияҳои иҷтимоъии Тоҷикистон ва Шавкат Бозоров, муъовини ӯ интихоб шуда буданд.
Ин Шӯро дар соли гузашта аз вазъияти кунунӣ ва дурнамои бахши тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон интиқод карда буд.
Зайд Саидов дар маҳофили мухталифи ин шӯро пайваста интиқод мекард, ки молиёти муқарраршуда барои соҳибкорон боло аст ва ин амр дар тавсеъаи соҳибкорӣ монеъ мешавад.
Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорону иттиҳодияҳои иҷтимоъии Тоҷикистон 60 анҷумани соҳибкорону тоҷирон ва соҳибони корхонаҳои хусусиро муттаҳид карда ва таъмини ҳуқуқи ин афрод аз аҳдофи аслии он маҳсуб мешавад.
Ин шӯро дар соли гузашта ҳамчунин эълом карда буд, ки тавассути ҳуқуқдонҳои варзида аз роҳҳои қазоӣ машғул ба ҳаллу фасли мушкилоту мухолифатҳои соҳибкорон бо ниҳодҳои давлатӣ, бахусус ниҳодҳои молиётӣ хоҳад буд.
Ҳизби ҷадиди сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле муъаррифӣ мешавад, ки поизи соли ҷорӣ дар ин кишвар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд ва нерӯҳои мухолифи давлат борҳо аз шадидтар шудани фишор бар онҳо аз сӯйи мақомоти давлатӣ дар ин замина шикоятҳо кардаанд.
Аз ҷумла намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ, сусиол-демукрот ва сусиёлист (ҷиноҳи Назриев) пайваста аз таъқибу табъизи тарафдорони аҳзобашон ва эҷоди мавонеъ дар фаъъолияти ҳизбӣ аз сӯйи мақомоти давлатӣ садо баланд кардаанд.
