Ҷиноҳи Назриев: '16 сол боз таъқибу табъиз мешавем'

Мирҳусейн Назриев, раҳбари яке аз ҷиноҳҳои ҳизби сусиёлист ба Созмони Милали Муттаҳид аз фишор ва нақзи ҳуқуқи сиёсии тарафдорони ҳизбаш аз сӯйи давлат дар тайи 16 соли ахир шикоят бурдааст.
Раҳбари яке аз ҷиноҳҳои ҳизби сусиёлист бо ирсоли номае бо ин паём унвонии дабири кулии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамзамон аз сатҳи нокофии расидагӣ ба вазъи ҳуқуқи башар аз сӯйи намояндагии СММ дар умури ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон интиқод кардааст.
Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон (ҷиноҳи Мирҳусейн Назриев) бо ирсоли ин нома аз дабрири кулли СММ, дархости расидагӣ ба мавориди мухталифи таъқиб ва табъизи аъзои ин ҳазб дар ин кишварро кардааст.
Мирҳусейн Назриев дар ин нома чор марҳилаи фишору таъқиби аъзои ин ҳизбро аз сӯйи мақомоти давлатӣ дар давоми 16 соли фаъъолияти он мушаххас кардааст ва ин мароҳилро шарҳ додааст.
Ӯ менависад, ки таъқибу фишори аъзои ҳизби сусиёлист аз соли 1996, замони таъсиси он оғоз шудааст. Ба навиштаи оқои Назриев тамоми мавориди таъқиб ва фишор ба аъзои ин ҳизб дар остонаи интихоботҳо дар ин кишвар рух додааст.
Дар ин нома ба унвони мисол аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ёдовар шуда ва омадааст, ки қатли Сафарлӣ Кенҷаев, раҳбари фақиди ин ҳизб маҳз ба замони қабл аз ин интихобот рух дода буд.
Дар нома омадааст, ӯ ва тарафдоронаш аз соли 2005 аз нақзи ҳуқуқи аъзои ин ҳизб ба масъулони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла Додситонии кулли ин кишвар ва Додгоҳи олӣ шикоёт ироа кардаанд, аммо ин шикоёти онҳо "нодида гирифта шуданд".
Оқои Назриев ҳамчунин таъкид кард, ки дар моҳи ноябри соли 2005 ӯ ба намояндагии СММ дар умури ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар мавриди "озор ва табъиз бар асоси ақоъиди сиёсӣ, озодбаёнӣ ва ҳаққи интихоби озод"-и аъзои ҳизбаш аз сӯйи мақомоти давлатӣ шикоят бурда буд.
Мирҳусейн Назриев аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки танҳо баъд аз шаш соли ирсоли ин нома маъсулони СММ ба баррасии он шурӯъ карда ва пас аз 7 сол натиҷаи расидагӣ ба ин шикоятро ба онҳо ирсол кардаанд.
Ба гуфтаи оқои Назриев дар ин натиҷагирӣ аз ҷумла гуфта шудааст: "Кумиссюни интихоботӣ маводди пешниҳодшударо баррасӣ карда ва ҳеҷ далели эҷоди мавонеъ барои сабти номи номзадии аъзои ҳизби сусиёлистро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ пайдо накарданд. Кумиссюн ҳеҷ санади пешниҳодӣ барои сабти номи номзад аз сӯи муаллифи нома, яъне оқои Назриев дарёфт накардааст."
Аммо оқои Назриев иддаъо дорад, ки тасмими ниҳоии намояндагии СММ дар умури ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон "бар асоси шавоҳиди нодурусти Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон анҷом шудаааст."
Аз ин рӯ ҳизби сусиёлист (ҷиноҳи Назриев) натиҷагирии ин ниҳоди СММ-ро намепазиранд: “Мо башиддат алайҳи ин тасмими СММ дар умури ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон эътироз дорем. Ин тасмими СММ дар умури ҳуқуқи башарро чун иқдоми ҳимоят аз рафтори ғайриқонунии масъулони ниҳодҳои интизомии кишвари худкомаи Тоҷикистон арзёбӣ мекунем, зеро бо ин тасмим масъулони СММ натанҳо ба таври кулл шикояти моро нодида мегирад, балки аз давлати худкома пуштибонӣ мекунад.”
Раҳбари ин ҷиноҳи ҳизби сусиёлист аз дабири кулли СММ дархсот кардааст, ки барои расидагии дубора ва шаффофи қазияҳои ин ҳизб аз сӯйи намояндагии СММ дар умури ҳуқуқи башар мусоъидат кунад.
Мирҳусейн Назриев ҳушдор додааст, ки дар сурати бефаъъолиятии СММ дар қиболи ин қазияҳо, ҳизби сусиёлист қурбонии тамомаёри давлати кунунӣ шуда ва ба нобудии сиёсӣ мерасад.
Дар ҳоле, ки ҳеҷ низоми боэътимод барои мушаххас кардани шумори аъзои ин ё он ҳизб дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, аммо оқои Назриев гуфта буд, ки аз соли 2004 бад-ин сӯ теъдоди тарафдорони ҳизби ӯ башиддат коҳиш ёфта аз ҳудуди 17,500 нафар то 10 ҳазор расидааст.
Ҳизби сусиёлист дар соли 2004 ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Ба бовари оқои Назриев, давлати Тоҷикистон ба далели мавқеъгирии мухолифи ҳизби сусиёлист дар баробари давлат дар замони интихоботи раиси ҷумҳурии соли 2004, "аз роҳи сунъӣ дар дохили ҳизб шикоф ба миён овард."
Ҳизби сусиёлист дар соли 1992 ба ибтикори Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдон, ки дар соли 1991 муддате раёсати порлумони ин кишварро ба уҳда дошт, таъсис дода шуд. Пас аз қатли ӯ дар соли 1999, фаъолияти Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон муддате камранг шуд ва ин ҳизб дар соли 2004 ба ду ҷиноҳ тақсим шуд.
Вазорати адлияи Тоҷикистон ҷиноҳи таҳти раҳбарии Мирҳусейн Назриев, ки худро аз мухолифони давлат медонад, ба расмият намешиносад. Додгоҳ низ тақозоҳои мукаррари ҷонибдорони оқои Назриев барои ба расмият шинохтани ин гурӯҳро рад кардааст.
Нахустн бор нест, ки намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон аз афзоиши маворид таъқиб ва фишор бар аъзои худ баёнияҳои мунташир мекунанд.
Дар авосити моҳи март раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар мавриди афзоиши мавориди фишор, таҳдид ва таъқиби намояндагони аҳзоби мухолифи сиёсӣ дар ин кишвар баёния интишор дода ва аз эҳтимоли афзоиши ин таҳдидҳо то замони интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойизи соли ҷорӣ ҳушдор дод.
