Зайд Саидов: “Қонунро ҳаргиз нодида нагирифтаам”
Гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” дар пайи муттаҳам шудани Зайд Саидов, раҳбари ин гурӯҳ дар бисёрзанӣ ва мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтани манзил ва бозпурсӣ қарор гирифтани аъзои хонаводааш, вокуниши Зайд Саидовро ба ин ҳаводис интишор кардааст.
Бино ба иттилоъи баёнияи "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов, ки дар ҳоли ҳозир дар Порис қарор дорад дар сӯҳбати телефунӣ гуфтааст, ки ӯ “эҳтиром ба қонун ва қонуниятро ҳеҷ гоҳ нодида нагирифтааст.”
Бино ба иттилоъи гурӯҳи мубтакирони “Тоҷикистони нав” рӯзи 11-уми май ҳамаи аъзои хонаводаи Зайд Саидов, аз ҷумла фарзанди панҷсолаи ӯ мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд.
Пайвандони оқои Саидов вазъи саломати ҳамсари ӯро ногувор хонда ва ҳамчунин аз вазъи саломати духтари ӯ, ки обистан будааст, ибрози нигаронӣ мекунанд.
Ба гуфтаи аъзои гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", алайҳи раҳбари онҳо Зайд Саидов тибқи модаи 170-уми қонуни кайфарӣ дар бораи "бисёрзанӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Зайд Саидов, тоҷири шинохта ва вазири пешини саноеъи Тоҷикистондар авоили моҳи апрел дар бораи таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ таҳти унвони "Тоҷикистони нав" хабар дода буд.
