Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорон фаъъолияти худро қатъ кард

Аъзои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар як ҷаласаи фавқулъодда тасмим бар қатъи фаъъолияти ин ниҳод гирифтаанд.
Некрӯй Забиров, раҳбари гурӯҳи мубтакирони ин шӯро, рӯзи душанбеи 13 май, ба Би-би-сӣ гуфт, аз ҷумлаи 59 узви шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар ҷаласаи фавқулъодда беш аз 30 нафар ё 60 дарсади аъзо ширкат кардаанд.
Ин тасмим дар пайи он гирифта шуд, ки Зайд Саидов, раҳбари ин Иттиҳодия ба дунболи эъломи таъсиси ҳизбе ҷадид аз суи мақомоти Тоҷикистон ба чандҳамсарӣ ва ихтилоси молӣ муттаҳам шуд.
Ба гуфтаи оқои Забиров, тибқи оинномаи Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон дар сурати ширкати беш аз 50 дарсади аъзо ҳама гуна тасмими ин ниҳод қонунӣ хоҳад буд.
Ӯ далели аз байн рафтани шӯроро ба фаъолияти Зайд Саидов, раиси ин ниҳод рабт дода ва гуфт: "Фаъолияти оқои Саидов ба аҳдофу усулҳои Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон созгор набуда ва ӯ талош дорад аз ин ниҳод барои бароварда сохтани ҳадафҳои сиёсии худ истифода кунад."
Гуфта мешавад, ба дунболи аз миён рафтани Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон Зайд Саидов низ аз раёсати он барканор шудааст.
Дар ҳоле, ки Некрӯй Забиров ҳама гуна мудохила ё фишорҳои ниҳодҳои зирабти давлатиро рӯйи тасмими аъзои ин шӯро рад кард, вале Зайд Саидов гуфта буд, бештари аъзои Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон ба ӯ гуфтаанд, таҳти фишори масъулони давлатӣ ба ин иқдом даст задаанд.
Дар ҳамин ҳол, Файзи Олӣ, вакили мудофеъи Зайд Саидов гуфт, ҳоло дар қиболи муваккилаш як парванда боз шуда ва ӯ бо моддаи 170-и Кодекси ҷинойии Тоҷикистон ба чандҳамсарӣ муттаҳам шудааст.
Ҳамзамон, оқои Олӣ таъкид кард, тибқи қавонини Тоҷикистон ин гуна парванда танҳо ба ҳангоми шикояти завҷҳо ба ниҳодҳои қудратӣ аз шавҳар боз хоҳад шуд. Аммо хонумҳои қаблии оқои Саидов аз мавориди бадрафторӣ ё аъмоли номатлуби ӯ ба ниҳодҳои қудратӣ шикояте набурдаанд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вакили мудофеъ, феълан Зайд Саидов бо як ҳамсар зиндагӣ карда, вале ба фарзандони худ аз ҳамсарҳои дигар кумаки молӣ мекунад.
Зимнан, дар авоили моҳи гузашта Зайд Саидов, вазири пешини саноеъи Тоҷикистон ва раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози анҷуманҳои соҳибкорони ин кишвар зимни як нишасти хабарӣ аз қасди таъсиси ҳизби ҷадиди сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" хабар дода буд.
Оқои Саидов аҳдофи ин ҳизби ҷадидро "ҳизби иззату эҳтироми инсон, ҳизби муҳофизи ҳуқуқи башар, ҳизби озодии эътиқоду сухан" унвон карда ва гуфта буд, ки ба зудӣ ин ҳизб дар Вазорати адлия сабти ном хоҳад шуд.
Чеҳраҳои саршиносе чун, пруфесур Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани мудироини миллӣ, Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷомани миллии сиёсатмадорон, Абдураҳим Алиев, раиси Анҷумани истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва Ҷамшед Ҳафизов, муъовини раиси ширкати "Тоҷик-Сохтмон-Байналмилал” ба гурӯҳи ташаббускори ҳизби "Тоҷикистони нав" афроди шомил ҳастанд.
Аммо ҳаводорони оқои Саидов гуфтаанд ба дунболи ин иқдом ниҳодҳои давлати Тоҷикистон болои Зайд Саидов фишор оварда ва хостори канор рафтан аз саҳнаи сиёсии кишвар шудаанд.
Аз ҷумла, Маҳмудҷон Қосимов, як тан аз масъулони Гурӯҳи мутакирони ҳизби "Тоҷикистони нав" рӯзи ҷумъаи 10 май, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки афроди номаълум тавассути телефон ва паёмак (SMS) ба Зайд Саидов таҳдид карда ва аз оқои Саидов тақозо шудааст, то аз таъсиси ҳизби сиёсӣ худдорӣ кунад.
Дар ғайри ин сурат таҳдид шудааст, ки онҳо дар қиболи раҳбари ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" "чораҳои ҷиддӣ меандешанд."
Оқои Қосимов гуфт, Гурӯҳи мубтакирони ҳизб ин таҳдидро ҷиддӣ гирифта ва дар ин маврид Вазорати умури дохила ва Кумитаи амнияти миллии кишварро муталеъ сохтааст.
Коршиносон дар бораи иқдоми Зайд Саидов барои таъсиси ҳизб ва иттиҳомот алайҳи ӯ чӣ назар доранд?
Дар ҳамин ҳол, бархе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва коршиносон афзоиши мавориди фишору таҳдид ба Зайд Саидовро ба фаъолияти сиёсии ӯ марбут хонданд.
Нуралӣ Давлат, коршиноси масоили сиёсӣ гуфт, то замони эъломи тасмим дар бораи таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” дар баробари Зайд Саидов ҳеч гуна мушкилу мавонеъ вуҷуд надошт. Ин аз нишонаҳои ҷанбаи сиёсӣ доштани қазияи Зайд Саидов маҳсуб мешавад.
Ба гуфтаи оқои Давлат, дар солҳои қаблӣ низ дар Тоҷикистон дар қиболи чеҳраҳои саршинос, ки қасди таъсиси ҳизби сиёсӣ доштанд, чунин ҳодиса рух дода буд.
Ӯ гуфт, аз ҷумла, барои талошҳо дар ростои таъсиси аҳзоби “Кишоварзӣ” ва “Тараққиёти Тоҷикистон” дар қиболи Ҳикматулло Насриддинов ва Султон Қувват парвандаи ҷинойӣ боз шуда буд.
Аз сӯйи дигар, Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт: “Ҳарчанд ангезаи ворид шудан ба сиёсат аз ҷониби худи оқои Саидов буд, вале дар дохили ҳукумат касоне буданд, ки ӯро ба ин роҳ ҳидоят карданд.”
Ба эътиқоди оқои Сайфуллозода, дар дохили ҳукумат гурӯҳҳое бо афкори мушаххас вуҷуд дошта ва ин афкор ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ рабт мегирад.
Ӯ гуфт: “Онҳо ошкор гуфта наметавонанд, ки оқои Раҳмон дар интихобот ширкат накунад. Аз ин лиҳоз талош мекунанд, роҳҳои дигаре пайдо шавад.”
Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, ҳадафи Зайд Саидов аз минбари ҳизби сиёсӣ матраҳ кардани мушкилоти ҷомеъа аст ва ӯ ҳадафмандона роҳи сиёсатро пеш гирифта дар сурати таҳдиди марг низ ақиб нахоҳад гашт.
Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон далели таъқибу фишорҳо болои Зайд Саидовро ба нигарониҳои мақомоти ин кишвар аз нуфузу эътибори эҳтимолии ҳизби “Тоҷикистони нав” марбут хонд.
Оқои Ҳакимов гуфт: “Давлати Тоҷикистон эҳсос кард, ки дар сурати расмӣ шудани ҳизбаш Зайд Саидов метавонад заминаҳои иҷтимоъии ҳизби ҳокими халқи демукротиро халалдор кунад.”
Афзун бар ин, ба эътиқоди ӯ, мақомоти Тоҷикистон ба пайдо шудани як ҳизби ҷадиди сиёсӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ алоқаманд нестанд. Зеро барояшон рӯшан нест, ки ин ҳизб аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунад ё аз рақибони эҳтимолии ӯ.
