Алайҳи бунёдгари "Душанбе-Плазза" парвандаи ҷиноӣ боз шуд

  • 14 Май, 2013

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал" бунёдгари маркази тиҷории 20-табақаи "Душанбе-Плаза" дар маркази шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Рӯзи сешанбеи 14 май сойти Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабаре дар ин бора мунташир кард.

Ин Ожонс рӯзи 10 майи соли ҷорӣ тибқи мафоди қонуни кафарии кишвар барои ихтилоси молу мулки ғайр ба миқдори ҳангуфт ва тақаллуби асноди ҳисобдорӣ алайҳи "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин хабар гуфта мешавад, ки дар мавриди санҷиши сохтмони "Душанбе Плаза" аз ошиёнаҳои 1 то 20, ҳамчунин зерзамину поркинги ин сохтмон ширкати "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал" аз роҳи тақаллуби асноди умури сохтмонӣ ба маблағи 1 959 218 сомонӣ изофанависӣ анҷом додааст.

Сохтмони "Душанбе Плаза" аз моҳи октябри соли 2009 шурӯъ шуда дар пойизи (тирамоҳи) соли 2011 дар остонаи ҷашни 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Аммо Зайд Саидов раиси Шӯрои анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон ва аз моликони ширкати "Тоҷсохтмон Байналмилал", ки ҳоло ба унвони раиси Федеросиюни тениси рӯйи миз барои ширкат дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ дар Пориси Фаронса қарор дорад, мегӯяд "Дар сохтмони "Душанбе-Плаза" ба миқдори шаш милюн дулор зарар дидем."