"Тоҷикистони нав": "Қазияи боздошти раҳбари гурӯҳи муассисон сиёсӣ аст”

  • 19 Май, 2013
Гурӯҳи "Тоҷикистони нав"
Image caption Мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" боздошти раҳбари ин гурӯҳро дорои ангезаи сиёсӣ хондаанд

Гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" бо пахши баёнияе боздошти раҳбари ин гурӯҳро “қазияи сиёсӣ” хондаанд.

Масъулони ин гурӯҳ, ки раҳбарии онро Зайд Саидов, тоҷири матраҳ ва вазири собиқи саноеъи Тоҷикистон бар уҳда дорад, боздошти оқои Саидов дар фурӯдгоҳ ва нигаҳдории ҳудуди 15 соъатаи ӯ дар бинои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро нақзи ҳуқуқи инсон медонанд.

Изҳороти ин гурӯҳ рӯзи якшанбеи 19 май, дар вокуниш ба боздошти оқои Саидов пахш шуда ва дар он бори дигар ба он таъкид шудааст, ки ҳадаф аз таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" тақивияти сулҳу сабот ва ва мусоъидат ба равандаи созандаи марказгаро дар зиндагии иҷтимоъӣ ва сиёсии ин кишвар будааст.

Масъулони гурӯҳ изҳор кардаанд, ки оқои Саидов, намояндаи маҷлиси шаҳрии Душанбе буда ва аз масуният бархӯрдор аст, аммо бо ин вуҷуд вай аз субҳи имрӯз то ҳол дар бинои Ожонс нигаҳдорӣ мешавад.

Ҳамчунин дар ин изҳорот гуфта шудааст, ки пайвавндони оқои Саидов аз вазъи саломати ӯ нигарон буда ва бо ин вуҷуд масъулони Ожонс иҷозаи мулоқоти онҳо ва вукалои мудофеъ бо оқои Саидовро намедиҳанд.

Масъулони гурӯҳ бо таъкид ба сиёсӣ будани ин қазия мегӯянд: "Тафсилоти мавриди зикр ва муҳити то ба ҳол фарогири фаъъолияти гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби сиёсии 'Тоҷикистони Нав' аз вуҷуд доштани решаҳои сиёсии қазия далолат медиҳанд. Мақсад аз чунин вокуниш низ ҳама гуна шубҳаву гумонро аз он хусус, ки рӯйи саҳнаи сиёсии кишвар омадани чунин як ҳизби марказгаро, баъзе аз доираҳои расмии давлатиро хуш наёмадааст, аз байн бурдааст."

Дар ин баёния ҳамчунин аз бетафовутӣ дар қиболи ин қазия дар ҷомеъа шадидан интиқод шуда ва гурӯҳ ин бетафовутиро ба хиёнат ва душманӣ баробар донистааст.

Дар изҳороти гурӯҳ бо таъкид ба боздошти оқои Саидов омадааст: "Гурӯҳи ташаббускор изҳор медорад, ки халалдор шудани талаботи Конститутсияи кишвар (Қонуни асосӣ) (моддаи 28-и он), бахусус фишор ба аъзои гурӯҳ ва қабл аз ҳама ба сарвари он, Зайд Саидов, далели вазъи ногувори кишвар дар мавриди таъмини волоияти қонун ва риъояи ҳуқуқу озодиҳои шахсиву шаҳрвандӣ аст."

Ин дар ҳолест, ки Зайд Саидов дар мусоҳиба бо расонаҳо изҳори умедворӣ кард, ки дар Тоҷикистон волоияти қонун болотар аз ҳама аст ва ӯ гуфт, ки бовар дорад, ки мақомоти зидахли Тоҷикистон ҳангоми равшан сохтани қазияи марбут ба ӯ "пой бар рӯйи қонун нахоҳанд гузошт."

Ҳамакнун ин ожонс дар сойти расмӣ эълом кардааст, ки парвандаи Зайд Саидовро бар асоси се моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон, аз ҷумла ришвахорӣ, тақаллуб ва суистифода аз мансаб таҳқиқ мекунад.

Қаблан ин ожонс дар иттилоъияе хабар дод, ки алайҳи "Тоҷсохтмон Байналмилал" бунёдгари маркази тиҷории 20-табақаи "Душанбе-Плаза" дар маркази шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тибқи иттилоъи кормандони ин ниҳод таҳқиқот собит кардаст, ки ширкати "Тоҷ-Сохтмон-Байналмилал" аз роҳи тақаллуби асноди умури сохтмонӣ ба маблағи 1 959 218 сомонӣ изофанависӣ анҷом додааст.

Оқои Саидов пеш аз боздошт гуфта буд ин ширкат ҳамаи пулеро, ки марбут ба анҷоми умур буда ба ҳама мароҷеъ пардохтааст ва бидеҳкорие надорад. Ӯ гуфт аснодеро дар робита ба пардохити молиёт аз Кумитаи молиёти кишвар дар ихтиёр дорад, ки пардохти тамоми анвоъи молиётро аз сӯйи ин ширкат таъйид мекунанд.

Зайд Саидов раиси пешини Шӯрои мунҳалшудаи анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст: "Дар сохтмони 'Душанбе-Плаза' ба миқдори шаш милюн дулор зарар дидем."

Дар ҳоле, ки гузориш навишта мешуд, оқои Саидов ҳанӯз дар бинои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешуд ва вукалои мудофеъи вай гуфтаанд, натавонистаанд бо ӯ мулоқот кунанд.

Матолиби муртабит