Додгоҳи шаҳрӣ ҳукми ҳабси Зайд Саидовро бетағйир гузошт

Додгоҳи шаҳри Душанбе дархости вукалои мудофеъи Зайд Саидов дар мавриди лағви ҳукми додгоҳи қаблӣ ва татбиқи ҳабси хонагӣ нисбати вайро радд кардааст.
Қозии додгоҳ сабаби бетағйир гузоштани ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро дар қиболи ҳабси Зайд Саидов, шарҳ надода ва танҳо тасмими додгоҳро ба вукаломи мудофеъ ирсол кардааст.
Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов мегӯяд, ки ҳануз маълум нест, ки онҳо шикояти истинофӣ аз ин ҳукмро ба додгоҳи болотар хоҳанд бурд ё хайр?
Аммо вай мегӯяд, ки оқои Саидов ҳамчунон дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад ва саломати вай хуб набуда ва оқои Саидов аз дарди меъд ва дасташ шикоят кардааст
Оқои Қудратов мегӯяд: “Дар ҷараёни дидори мо бо оқои Саидов вай аз бад шудани саломаташ хабар дод. Мо аз ҳоло мехоҳем аз бозрасон дархост кунем, ки то барои муъоянаи вазъи саломати вай иҷоза диҳанд, ки пизишкон наздаш дароянд.”
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва вазири собиқи саноеъи ин кишвар беш аз як ҳафта қабл аз сӯйи масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт ва баъд аз таҳқиқоти се рӯзаи онҳо ба боздоштгоҳи муваққатии кумита интиқол ёфт.
Оқои Саидов нахуст аз суи додситонӣ ба чандҳамсарӣ муттаҳам шуд ва дар пайи он Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон иттиҳомотеро аз қабилӣ ситонидани ришва ва "азхудкунии корхонаи “Тоҷикатлас" алайҳаш ворид кард.
Рӯзи 24 май дар пайи ироаи шикояти як шаҳрванди Тоҷикистон ва як табаъи Ветном алайҳи Зайд Саидов иттиҳомоти бештар ворид шуд ва ӯро бар асоси чанд мафоди қонуни кайфарии Тоҷикистон дар "сӯйиистифода аз мақомоми хидматӣ, тақаллуб ва тамаъҷӯӣ" низ муттаҳам кардаанд.
Бархе аз соҳибназарон бо ишора ба ин нукта, яъне иваз шудани иттиҳомоти ворида ба Зайд Саидов мегӯянд, ки ин амали кормандони интизомӣ иқдомест, барои хомӯш кардани мунтақидони давлати феълӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар.
Иддае низ бо ишора ба эъломи таъсиси ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав” аз сӯйи оқои Саидов бар ин назаранд, ки мақомоти Тоҷикистон аз имкони пайдо кардани маҳбубияти ҳизби ҷадид дар ин кишвар нигарон шудаанд.
Аммо масъулони ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки кормандони ин ниҳод расидагӣ ба қазияи оқои Саидовро аз муддатҳо қабл оғоз карда буданд ва ба гуфтаи онҳо иттиҳомоти ворида алайҳи вай ба таъсиси ҳизб рабте надоштааст.
Оқои Саидов иттиҳомоти ворида алайҳи худро бепоя хондааст.
