Дархости вукало барои боздошти хонагии Зайд Саидов радд шуд

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳукми боздошти Зайд Саидовро расман содир ва дархости вукалои мудофеъ барои дар боздошти хонагӣ қарор гирифтани оқои Саидовро радд кард.
Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов мегӯяд, ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи чаҳоршанбеи 22 май ин ҳукмро содир кардаст.
Оқои Қудратов, имрӯз дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: “Мо ба додгоҳ додхост кардем, ки муваккили мо дар боздоштгоҳ не, балки ҳабси хонагӣ шавад, вале ин дархсоти мо пазируфта нашуд. Ҳоло оқои Саидов дар бинои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.”
Ба гуфтаи вай тибқи қонуни Тоҷикистон, додгоҳ бояд барои аввалин бор ҳукми боздоштро барои ду моҳ содир мекард, вале ӯ афзуд, ки дар ҳукми имрӯзи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, ин муҳлат сабт нашудааст. Оқои Қудратов мегӯяд: "Аз ин рӯ мо қарор кардем, ки фардо ба додгоҳи истинофӣ аз ин ҳукм шикоят ироа кунем."
Ҳамчунин ин ҳуқуқдони тоҷик бо ишора ба барномаҳои ахири телевизюни давлатӣ дар бораи иттиҳомоти ворида алайҳи Зайд Саидов афзуд, ки расона ҳаққ надорад, қабл аз эъломи ҳукми додгоҳ фарди гумонбарро дар содир кардани ҷароим муқассир хонад.
Вукалои мудофеъи Зайд Саидов қасд доранд дар сурати инкор накардани иддаъоҳои телевизиюни давлатӣ алайҳи оқои Саидов, алайҳи ин телевизиюн ба додгоҳ шикоят кунанд.
Дар ду рӯзи ахир шабакаи аввали телевизюни давлатии Тоҷикистон дар барномаҳҳои хабарии худ гузорише пахш карда, ки дар он Зайд Саидовро ба унвони муҷрими чандин ҷароим, аз ҷумла ба худ ихтисос додани чандин корхонаи давлатӣ, ришваситонӣ, чандҳамсарӣ ва тахриби амволи давлатӣ муқассир хонданд.
Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 21 май эълом кард, ки Зайд Саидов тибқи қисми чаҳори моддаи 319 қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне гирифтани пора (ришваситонӣ) муттаҳам шудааст.
Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизбе мавсум ба "Тоҷикистони нав" иттиҳомоти ворида алайҳи ӯро бепоя мехонад.
Ӯ субҳи рӯзи 19 май дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз бозгашт аз Фаронса аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд.
Дар ҳамин ҳол раҳбари сусиёл-демукротҳои Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 22 май бо пахши баёнияе боздошти Зайд Саидовро, ба ҳангоме, ки ӯ ҳанӯз масунияти намояндаи маҷлиcи шаҳриро дошт, нақзи қонун унвон хонд.
Раҳматилло Зоиров ҳамчунин лағви масунияти Зайд Саидов дар ҷаласаи маҷлиси намояндагон бидуни ширкати ӯро амри муғойир ба қонуни ин кишвар унвон кард.
Оқои Зоиров ин изҳороти худро унвонии омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, созмонҳои ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар ироа кард ва аз ин ниҳодҳо дархост кардааст, ки дар қиболи ин қазия бетафовут набошанд.
Боздошт ва муттаҳам шудани Зайд Сайидов ба ришваситонӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ моҳе қабл ба унвони раҳбари гурӯҳе аз тарафдоронаш аз тасмим барои таъсиси ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" хабар дод.
Ба ин хотир бархе аз коршиносон ва аҳзоби мунтақиди давлат боздошти Зайд Саидовро “қазияе сиёсӣ” мехонанд. Аммо раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ин иддаъоҳоро бепоя хонда ва мегӯяд, ки таҳқиқот дар робита ба даст доштани Зайд Саидов, вазири собиқи саноъеи ин кишвар дар фасод пеш аз тасмими ӯ барои таъсиси як ҳизби сиёсӣ оғоз шуда буд.
