Маҷлиси шаҳри Душанбе Зайд Саидовро аз масунияти вакилӣ маҳрум кард

Вакилони Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе дар иҷлоси худ, ки ба сурати оҷил баргузор шуд, Зайд Саидов, намояндаи ин маҷлисро аз масъунияти вакилӣ салб кардаанд.
Дар ин бора Шуҳрат Қудратов, вакили мубофеъи оқои Саидов хабар додааст.
Иҷлоси вакилони Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе, ки рӯзи душанбеи 20 май бидуни огаҳии қаблӣ доир шуд, гуфта мешавад тасмим бар салби масъуниятии оқои Саидовро бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон иттихоз кардааст.
Ин ҷаласа пас аз он доир шуд, ки Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон оқои Саидовро боздошт карда ва дар сойти худ эълом дошта буд, ки ӯро ба тақаллуб, ришваситонӣ ва суистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам мекунад.
Дар ҳоле, ки масъулони шаҳрдорӣ аз қабл дар мавриди ин ҷаласа иттилоъе пахш накардаанд, вале коршиносони сиёсӣ баъид намедонистанд, ки маҷлиси намояндагони шаҳрӣ ба иттифоқи оро Зайд Саидов, намояндаи ин маҷлисро салби масуният хоҳад кард.
Зеро ба гуфтаи онҳо намояндагони маҷлиси шаҳрӣ низ ба монандаи ниҳодҳои дигари ин кишвар, аз ҷумла порлумони Тоҷикистон таҳти нуфузи ҳукумати иҷроияи ин кишвар қарор доштаанд ва собиқаи ками мухолифати маҷолиси намояндагон бо ҳукумати иҷроия дар мавориде аз қабили қазияи оқои Саидов вуҷуд дорад.
Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе дар ҳоле масунияти вакилии оқои Саидовро лағв кард, ки беш аз як рӯз вай бо вуҷуди доро будан ба масунияти намояндаи ин маҷлис дар бинои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт мешавад.
Ҳарчанд масъулони ин ожонсӣ рӯзи душанбеи 20 май ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки то ҳол ин ниҳод алайҳи Зайд Саидов расман иттиҳоме ворид накардааст.
Аммо интизор меравад, ки баъд аз дарёфти мадорики салби масъунияти оқои Саидов, ин ниҳод алайҳи вай иттиҳомотеро ворид ва ӯро дигар ба сурати расмӣ боздошт кунад.
Пештар ҳизби Сусиёл демукроти Тоҷикистон пас аз боздошти оқои Саидов зимни пахши номае саркушода аз Муҳаммадсайид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе хост дар бораи боздошти ин вакили маҷлиси шаҳрӣ тавзеҳ бидиҳад, зеро ӯ ба унвони намояндаи мардум аз масуният бархурдор аст.
Ин дар ҳолест, ки коршиносони иқтисодӣ мегӯянд, ки боздошти яке аз тоҷирони қудратманд дар Тоҷикистон метавонад рӯйи иқтисоди ин кишвар асароти номатлубе бар ҷой гузорад.
Аз ҷумла ба ақидаи ин коршиносон ин омил мунҷар хоҳад шуд, ки бисёре аз сармоягузорони хориҷӣ бо мулоҳизоти амниятӣ аз сармоярезӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод дар ин кишвар худдорӣ кунанд.
Зайд Саидов субҳи рӯзи якшанбеи 19 май ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Оқои Саидов беш аз як рӯз аз бинои ин ниҳод берун наёмадааст ва гуфта мешавад, ки имрӯз яке аз вукалои мудофеъи ӯ тавонистааст, ки оқои Саидовро бибинад.
Фахриддин Зокиров, яке аз вукалои мудофеъ гуфт, ки дар ҷараёни бозпурсии оқои Саидов ширкат доштаст ва ӯ мегӯяд, оқои Саидов бо вуҷуди хастагии дурӯза ба сулоти бозрасон пурра ва тибқи қонун посух медиҳад.
Оқои Зокиров гуфт, ки дар ҷараёни ин бозпурсӣ низомхон Ҷӯраев низ ширкат дошта ва гуфтааст, ки Зайд Саидов замоне ки раҳбарии вазоратхонаи саноъеро бар уҳда дошт аз ӯ ришва гирифтааст.
Аммо ин ҳуқудон мегӯяд, ки Низомхон Ҷӯраев ин ҳарфҳои хешро собит нахоҳад кард, зеро оқои Саидов гирифтани ришва аз вайро такзиб кардааст.
Иттиҳомоти мақомот алайҳи оқои Сайидов, аз ҷумла дорои чанд ҳамсар будани ӯ пас аз он дар ихтиёри умум қарор гирифт, ки ӯ ба унвони раиси гурӯҳи мубтакирон аз таъсиси ҳизбе ҷадид ба номи "Тоҷикистони нав" дарак дод.
Бо назардошти ин ки ҳамаи иттиҳомот алайҳи ӯ, ки собиқаи кор ба унвони вазири саноеъи кишварро дорад, пас аз пардохтани ӯ ба фаъъолияти сиёсӣ матраҳ шудаанд, бисёре аз коршиносонро муътақид сохта, ки мақомоти Тоҷикистон намехоҳанд ҳизби дигаре вориди саҳнаи сиёсии кишвар шавад, он ҳам дар соле ки кишвар интихоботи раёсати ҷумҳуриро пеши рӯ дорад.
Интихоботе, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки беш аз бист сол аст бар кишвар ҳукумат дорад аз номзадҳои умда дар ин интихобот дониста мешавад.
