Фаттоҳ Саидов: “Боздошти Зайд Саидов қазияи сиёсӣ нест”

Раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, боздошти Зайд Саидов, вазири собиқи саноъеи ин кишвар қазияе сиёсӣ набуда, балки таҳқиқот дар робита бо даст доштани ӯ дар фасод пеш аз тасмими ӯ барои таъсиси як ҳизби сиёсӣ оғоз шуда буд.
Фаттоҳ Саидов, рӯзи сешанбеи 21 май дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло "масъалаи боздошти расмии Зайд Саидов баррасӣ мешавад" ва ҷурме, ки Зайд Саидов ба он муттаҳам шуда, ришваситонӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи ахир маҳофили сиёсии кишвар, худи Зайд Саидов ва ахиран баёнияи ҳизби Назҳати исломии Тоҷикистон боздошти раҳбари гурӯҳи "Тоҷикистони нав"-ро “қазияе сиёсӣ” мехонанд.
Аммо Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хонда ва меафзояд: “Зайд Саидов тибқи қисми чаҳори моддаи 319 қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне гирифтани пора (ришваситонӣ) муттаҳам шудааст. Ду ҳолати сангини гирифтани пора аз сӯйи вай, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ инро собит кард дар ҷараёни таҳқиқоти парвандаи ҷиноии Низомхон Ҷӯравев мушаххас шудааст.”
Фаттоҳ Саидов гуфт, ки "тафтишот дар робита ба ришвагирии Зайд Саидов" ҳудуди як сол қабл оғоз шуда буд ва ба тасмими Зайд Саидов барои таъсиси ҳизбе сиёсӣ иртибот надоштааст.
Аммо вай афзуд, дар ин муддат беш аз 15 нафар аз сокинони Тоҷикистон, ки бояд ба увнони шоҳид бозпурсӣ мешуданд, қаламрави Тоҷикистонро тарк кардаанд.
Раиси Ожонси мубориза бо фасод гуфт, ки ҳудуди 20 шоиҳиди дигар дар робита бо парвандаи Саидов аз Русия ба Тоҷикистон даъват шуда ва расман шаҳодат додаанд.
Вай афзуд, ки Зайд Саидов то замони ҳабси расмӣ дар боздоштгоҳи муваққати ожонс боқӣ хоҳад монд.
Ин дар ҳолест, ки Додситонӣ низ дар парвандаи ҷудогонае Зайд Саидовро дар чандҳамсарӣ муттаҳам кардааст.
Вукалои мудофеъи Зайд Саидов гуфтаанд, ки ӯ иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад намудааст.
Фахриддин Зокиров, яке аз вукалои мудофеъи оқои Саидов дар ҷараёни бозпурсии муваккилаш ширкат дошт. Оқои Зокиров гуфт, ки дар ҷараёни ин бозпурсӣ Низомхон Ҷӯраев низ ширкат дошта ва гуфтааст, ки Зайд Саидов замоне ки вазорати саноъеро бар уҳда дошт аз ӯ ришва гирифтааст.
Шаҳодати Низомхон Ҷӯраев алайҳи Зайд Саидов
Аммо оқои Зокиров мегӯяд, ки Низомхон Ҷӯраев ин ҳарфҳои хешро собит нахоҳад кард, зеро оқои Саидов гирифтани ришва аз вайро такзиб кардааст.
Худи Низомхон Ҷӯраев, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд ва раиси пешини корхонаи шимиёии Исфара дар қочоқи коло, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва таҳияи мадорики тақаллубӣ муттаҳам аст.
Ӯ дар моҳи марти соли 2012 аз маҳбасе дар Русия озод шуд, вале дар авоили моҳи апрели ин сол аз боздоштгоҳи шаҳри Душанбе сар даровард.
Вукалои мудофеъи ӯ нахуст аз эъмоли хушунат алайҳи вай дар боздошгоҳи муввақатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар дода, аммо сипас худи оқои Ҷӯравев тавассути телевизюни давлатӣ эълом карда, ки довталабона худро ба кормандони интизомӣ таслим кардааст ва шиканҷаву озор нашудааст.
Дар моҳи майи соли 2012 Додгоҳи олӣ аз оғози муҳоқимаи оқои Ҷӯраев хабар дода буд, вале рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфт, ки таҳқиқи парвандаи ӯ ҳанӯз идома дорад.
Манобеъи ин ожонс гуфтанд, ки дар тӯли таҳқиқи парвандаи ҷиноии Низомхон Ҷӯраев, алайҳи як қозии Додгоҳи олии Тоҷикистон, як ҳуқуқдон, ду кормандони
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, аз ҷумла женерол Имом Ғоибов боздошт шуда ва бархе аз онҳо равонаи зиндон шудаанд. Ҳамакнун Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз дахил будани Зайд Саидов низ ба парвандаи Низомхон Ҷӯраев иттилоъ медиҳад.
Иттиҳомоти мақомот алайҳи Зайд Сайидов пас аз он дар ихтиёри умум қарор гирифт, ки ӯ ба унвони раиси гурӯҳи мубтакирон аз таъсиси ҳизбе ҷадид ба номи "Тоҷикистони нав" дарак дод.
Вале Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизбе мавсум ба "Тоҷикистони нав" дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ дар 12 май иттиҳомоти давлат алайҳи худро бепоя хонд.
Ӯ ки ба унвони раиси Иттиҳодияи варзикшорони тениси рӯйи миз, барои ширкат дар Ҷоми Ҷаҳонии Тениси рӯйи миз ба Порис рафта буд, дар мусоҳиба гуфт, ки "бегуноҳ аст ва ба ватан бозхоҳад гашт."
Оқои Саидов иттиҳомоти давлатро ба талошҳояш барои таъсис ва сабти номи ҳизбе ҷадид бо номи "Тоҷикистони нав" муртабит донист.
Зайд Саидов субҳи рӯзи 19 май дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе баъд аз бозгашт аз Фаронса аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд.
