Эътилофи нав: 'Демукросӣ дар Тоҷикистон бо хатар мувоҷеҳ аст'

Эътилофи тозатаъсис “Барои ҳифзи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ” мегӯяд, ки усулҳои ҷомеъаи демукротик ва шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо хатар рӯбарӯ ҳастанд.
Ин эътилоф субҳи рӯзи 25-уми май дар Душанбе бо ширкати гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳо, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар таъсис дода шуд.
Ин эътилоф ба сурати таъҷилӣ Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи “Тоҷикистони нав”-ро таъсис дод.
Раёсати онро Маҳмудҷон Қосимов, муъовини Зайд Саидов дар гурӯҳи “Тоҷикистони нав” бар ӯҳда гирифт.
Ҷеҳраҳои матраҳ аз доираҳои сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ шомили ин эътилофи мудофеъи ҷомеъаи шаҳрвандӣ шудаанд.
Раҳматило Зоиров, раҳбари сусиол демукротҳо, Муҳамадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ҳизби Наҳзати исломӣ, Нуриддин Қашибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил ва Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигор дар миёни аъзои ин эътилоф ҳастанд.
Дар Тоҷикистон созмонҳо ва гурӯҳҳое, ки ҳадафи худро дифоъ аз демукросӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар ин кишвар медонанд кам нестанд, пас чаро намоянадгони маҳофили сиёсӣ ва иҷтимоъии кишвар даст ба таъсиси гурӯҳе тоза барои анҷоми ин кор заданд.
Раҳматилло Зоиров дар сӯҳбаи бо Би-би-сӣ гуфт, қазияи Зайд Саидов, ки қаблан вазорати саноеъи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошта ва ахиран ба унвони як соҳибкори матраҳ шинохта мешуд, далели ин амр будааст.
'Суистифода' аз ваколатҳо
Вай гуфт, ки пас аз ин ҳодиса “мо ба ин хулоса омадем, ки масоили демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар хатар мебошад. Давлат бо суистифода аз ваколатҳои худ ҳуқуқҳои мардумро поймол месозад.”
Оқои Зоиров гуфт, ки дар эътилофи тозатаъсис, ки “яке аз самтҳои асосии эътилоф ҳимоят аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов мебошад”, намояндагони аҳзоби сиёсии сусиол демукрот, наҳзати исломӣ ва гурӯҳи “Тоҷикистони нав” ҳастанд.
Ӯ афзуд: “Агар мо ҳар кадом аз номи ҳизб баромад кунем, масъала ранги сиёсӣ мегирад. Мо мехоҳем ки ҳуқуқҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ, қонун ва истондортҳо ва усулҳои демукросиро дар маҷмуъ ҳимоят намоем.”
Оқои Зоиров ба барчидани мавориди нақзи ҳуқуқи Зайд Саидов дар ҷараёни пайгарди қонуниаш, ба вижа дар ҷараёни боздошти ӯ пардохт ва гуфт: “Ӯро дар фурӯдгоҳ дар ҳоле, ки масунияташ ба унвони вакили маҷлиси шаҳри Душанбе лағв нашуда буд боздошт карданд.”
Ӯ сипас аз намояндагони маҷлиси шаҳри Душанберо барои лағви масунияти Зайд Саидов бидуни ширкати ӯ дар ҷаласа интиқод карда, гуфт “онҳо бояд аз Ожонси мубориза бо фасод тақозо мекарданд, ки Зайд Саидовро ба ҷаласа роҳ диҳанд ва танҳо пас аз шунидани ҳарфҳои ӯ ва дарёфти далоили мувассақ дар бораи лағви масунияти ӯ тасмим мегирифтанд."
Раҳбари ҳизби сусиол демукроти Тоҷикистон ба ин хотир маҷлиси шаҳри Душанберо дар нақзи ҳуқуқҳои Зайд Саидов бо мақомоти интизомӣ ҳамдаст хонд.
Аммо Зайд Саидов, раҳбари гурӯҳи мубтакирони таъсиси ҳизби мавсум ба "Тоҷикистони нав" дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ дар 12 майи соли равон иттиҳомоти давлат алайҳи худро бепоя хонд. Қаблан оқои Саидов баъд аз чанд рӯз аз гузашти замони эъломи таъсиси ҳизбе ҷадид, аз таҳдид ба ҷони худ хабар дода буд. Ҳамчунин оқои Саидов тарҳи ин иттиҳомотро ба талошҳояш барои таъсис ва сабти номи ҳизбе ҷадид бо номи "Тоҷикистони нав" муртабит донист.
Дифоъ аз афроди одӣ
Ӯ афзуд: “Агар холисона ба маҷлиси шаҳри Душанбе нигарем, мебинем, ки он дарвоқеъ маҷлиси шаҳри Душанбе ҳам нест. Дар инҷо аз 69 вакил 42-тоаш аз Кӯлоб, Данғара ва Фархор ҳастанд ва ин бори дигар нишон медиҳад, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси маҳал ташкил шудааст.”
Созмондиҳандагони ин эътилоф гуфтанд, ки вазифаи онҳо эътилофи “Барои ҳифзи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ” натанҳо шомили ҳимоят аз Зайд Саидов, балки ҳимоят аз ҳамаи шаҳрвандони ниёзманд ба корзорҳои ҳуқуқӣ хоҳад буд.
Онҳо бо ишора ба он ки ахиран ёвари Дабири кулли СММ дар умури ҳуқуқи башар ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистонро ситоиш кард, гуфтанд, ки ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дарвоқеъ пароканда буда ва дар ҳоли шакл гирифтан аст.
Оқои Зоиров дар ин бора гуфт: “Ин гуна эътилофҳо ва кумитаҳо амал кунанд, ҷомеъаи шаҳрвандӣ густариш меёбад. Ҷомеъаи шаҳрвандӣ он вақт ташаккулёфта хоҳад буд, ки мо натанҳо дар сурати нақзи ҳуқуқи афроди шинохта, балки барои дифоъи одитарин шаҳрвандамон низ муттаҳид шуда тавонем.”
