Шикояти вукалои мудофеъи Зайд Саидов ба додгоҳи истинофӣ

Вукалои мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшуда ба додгоҳи шаҳри Душанбе аз ҳукми ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи ҳабси муваккилашон шикоят бурданд.
Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов онҳо аз додгоҳи шиҳарӣ хостаанд, ки ҳукми додгоҳи қаблӣ лағв ва нисбати Зайд Саидов ҳасби хонагӣ татбиқ шавад.
Оқои Қудратов ба Би-би-сӣ гуфт: “Мо фикр мекунем, ки дар ҳабси хонагӣ қарор доштани оқои Саидов дар ҷараёни таҳқиқоти парванда ҷоизтар аз нигаҳдории ӯ дар боздоштгоҳ аст ва ин амр ба таҳқиқи парвандааш халал ворид намекунад.”
Ӯ афзуд, ки ҳоло Зайд Саидов, ки ахиран эълом кард, ки ҳизби ҷадид таъсис медиҳад, дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитиаи амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи дафтари ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри дирӯз Зариф Ализода, Омбутсмени ин кишвар бо Зайд Саидов дар дафтари Ожонси мубориза бо фасод мулоқот анҷом дод.
Оқои Ализода бо шароити нигаҳдории оқои Саидов ошно шуда ва аз наҳваи бархурди кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо вай огоҳ шуд. Вале субҳи имрӯз оқои Саидов ба боздоштгоҳи кумитаи амният мунтақил шуд.
Дар ҳоле, ки дар баёнияи дафтари Омбудсмени Тоҷикистон аз қавли оқои Саидов омадааст, ки ӯ гуфта “аз ҷониби шахсони алоҳида ва воситаҳои ахбори омма ҳангомаҳо ташкил шуда истодаанд, ки онҳо нодаркоранд ва ба ӯ лозим нестанд”, муваккили ӯ имрӯз гуфт, ки оқои Саидов танҳо гуфтааст, ки хостори пахши иттилоъи камтар дар мавриди қазияи хеш будааст.
Зайд Саидов субҳи рӯзи якшанбеи 19 май ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд ва то субҳи имрӯз дар бинои ин ниҳод ба сар бурд.
Имрӯз 24-уми май Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар доданд, ки як сокинони Тоҷикистон ва як шаҳрванди Ветном низ ба масъулони ин ниҳод дар мавриди фаъъолиятҳои ба гуфтаи онҳо “ғайриқонунии” вазири собиқи саноъеи Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Ожонс ҷузъиёти ин шикоётро пахш накардааст, вале зоҳиран ба ин шикоёт ба таври хеле сареъ расидагӣ шудааст, зеро тибқи иттилоъи расмӣ бар асоси шикояти ин афрод алайҳи Зайд Саидов иттиҳомоти бештар ворида шудааст. Акнун ӯ бар асоси моддаҳои 314, 247 ва 250-и қонуни кайфарии Тоҷикистон дар "сӯйиистифода аз мақомоми хидматӣ, тақаллуб ва тамаъҷӯӣ низ муттаҳам аст.
Ин барои бори панҷум аст, ки масъулони ниҳодҳои интизомии тоҷикистон алайҳи оқои Саидов иттиҳолмот ворид мекунанд.
Нахуст Зайд Саидов аз сӯйи Додситони кулии Тоҷикистон дар чандҳамсарӣ муттаҳам шуда ва дертар иттиҳомоти тақаллуб ва сирқати амволи давлатӣ низ алайҳи ӯ ворид шуд.
Рӯзи 21-уми май Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс гуфт, ки кормандони ин ниҳод таҳқиқоти парванди Зайд Саидовро бар асоси модди 319 қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне ришваситонӣ анҷом медиҳанд. Аммо як рӯз баъд эълом шуда, ки оқои Саидов дар "азхудкунии корхонаи “Тоҷикатлас" низ муттаҳам дониста шудааст.
Бисёре аз коршиносон бо ишора ба зуд-зуд иваз шудани иттиҳомоти ворида ба Зайд Саидов қазияи ӯро машкук ва боздошти ӯро "шитобзада" мехонанд.
Иддае низ бо таваҷҷӯҳ ба тасмими оқои Саидов барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав” мегӯянд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи вай ангезаҳои сиёсӣ дошта ба боздошташ "суфоришӣ" будааст.
