'Cаркубии сиёсии ҳукумати Раҳмон ба сурати собит идома дорад'

Хонаи Озодӣ бо интишори матлабе, ки дар он сухан дар бораи мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтани Зайд Саидов ва саркубиҳои сиёсии мухолифон меравад, нахустин созмони мудофеъи ҳуқуқи башари байналмилалӣ шуд, ки дар мавриди ин қазия вокуниш нишон дод.
Дар гузориши Нейт Шенкан, масъули минтақаи УруОсиёи ин созмони байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи инсон мехонем, ки Зайд Саидов "пас аз зуҳур дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ба иттиҳоми тақаллуби молӣ ва чандҳамсарӣ боздошт шудааст."
Муаллифи ин гузориш менависад , ки оқои Саидов қасд дошт ҳизби ҷадиди "Тоҷикистони нав" таъсиси бидиҳад ва "дар аввал чунин ба назар мерасид, ки ин як ҳизби кисагӣ хоҳад буд", аммо меафзояд, ки акнун фишор ба аъзои гурӯҳи мубтакирони ҳизби “Тоҷикистони нав” ва боздошти Зайд Саидов раҳбари гурӯҳи мубтакирон ин ҳадсу гумонҳоро аз байн бурдааст.
Дар гузориш омада, ки дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фишори мақомоти Тоҷикистон на танҳо ба гурӯҳи мубтакирони ҳизби ҷадиди “Тоҷикистони нав”, балки аъзои аҳзоби дигари мухолифи давлат низ ташдид шудааст.
Гузориш маҳкум шудани Шерик Карамхудоев, раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар дар вилояти Бадахшонро ба 14 сол зиндон ба ҷурми “таъсиси гурӯҳҳои ҷинойӣ” ва “ширкат дар беназмии умумӣ” мисол мезанад.
Нейт Шенкан ҳамчунин дар ин росто аз қазияи мавриди лату кӯб қарор гирифтани Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ҳизби наҳзат дар Душанбе аз ҷониби афроди номаълум дар рӯзи 19-уми апрел ёдовар шудааст.
Ин корманди Хонаи Озодӣ қазияҳои боздошти Умаралӣ Қувватов, яке аз раҳбарони мухолифони давлати Тоҷикистон дар Дубай, нопадид шудани Салимбой Шамсиддинов, раҳбари ҷамъияти ӯзбакҳои вилояти Хатлон, боздошти Равшан Муталибов, узви ҳизби мухолифи давлати сусиёл-демукроти Тоҷикистон дар Русияро низ нишони фишору таъқиби нерӯҳои мухолиф аз сӯйи мақомти давлати ин кишвар унвон кардааст.
Дар гузориш мехонем, "Агар ҳамаи ин маворид такроркорӣ ба назар мерасад, барои он аст, ки ҳамин тавр низ ҳаст. Саркубии сиёсӣ дар тӯли ҳукумати Раҳмон, ки дар соли 1994 ба қудрат расид, ба сурати собит вуҷуд доштааст."
Муаллиф меафзояд, ки дар ин миён "Тоҷикистон аз кишварҳои фақиртарини Иттиҳоди Шӯравии пешин боқӣ мемонад."
Гузориш бо ин иддаъо ба поён мерасад: "Вақте Зайд Саидов аз тасмимаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ хабар дод, ӯ дуруст гуфт, ки кишвар ба тамаркузи фаъъолият барои рафъи мушкилоти бунёдии иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ ниёз дорад, аммо ончи дуруст муқобили ҳарфи ӯ аз об даромад, ин аст ки ончи монеъи анҷоми ин амр аст, вуҷуди рақобатҳои сиёсӣ на, балки набуди рақобати сиёсӣ будааст."
