Ситоиши масъули Ҳуқуқи Башари СММ аз ҷомеъаи мадании Тоҷикистон

  • 24 Май, 2013
Иван Шимонович
Image caption Иван Шимнович ҷомеъаи мадании Тоҷикистонро "муфассал ва дорои маҳорати сатҳи боло" хонд

Ёвари Дабири куллии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар масоили ҳуқуқи башар зимни интишори гузорише пас аз боздиди худ аз Тоҷикистон аз ҷомеъаи мадании ин кишвар ситоиш кардааст.

Оқои Шимонович дар гузориши худ таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон “ҷомеъаи мадании муфассал ва дорои маҳорати сатҳи боло дар ҳоли густариш аст, ки дидгоҳи дақиқи авлавиятҳои ҳуқуқи башар барои кишварашро дорад ва метавонад дар ин росто саҳми зиёд дошта бошад.”

Ин гузориш як рӯз пас аз дидори Иван Шимонович аз Тоҷикистон ва мулоқотҳои ӯ бо вузарои хориҷа, корҳои дохилӣ ва адлия, додситони кулл, Омбудсмен ва ҷомеъаи мадании ин кишвар мулоқот интишор шуд.

Иван Шимонович рӯзи 22-юми май дар шаҳри Душанбе бо намояндагони созмонҳои мустақили ғайридавлатии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода буд. Дар ин мулоқот намояндагони ҷомеъаи маданӣ бо ӯ мавзӯъи боздошти Зайд Саидов, вазири пешинаи саноеъи Тоҷикистонро, ки ахиран мехост ҳизби сиёсӣ таъсис бидиҳад, дар миён гузоштанд.

Аммо ин мақоми СММ дар гузориши худ аз сафараш ба Тоҷикистон аз қазияи оқои Саидов ёдовар нашудааст.

Оқои Шимонович дар ин гузориш ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон ба хотири ончи “огоҳии мақомоти давлатӣ аз чолишҳо ва камбудиҳои мавҷуд дар арсаи ҳуқуқи башар” хондааст, тақид кард.

Дар ин гузориш мехонем: “Онҳо пазируфтанд, ки роҳи тӯлоние пеши рӯ доранд ва барои бунёди як давлати демукротик, дастрасӣ ба тавсеъаи иқтисодӣ ва муҳкам кардани суботе, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омада, нақши ҳуқуқи башар ва волоияти қонун муҳим аст.”

Роҳи тӯлонӣ то бунёди давлати демукротик

Ин масъули ҳуқуқи башари СММ гуфта, “дар ҳоле ки зарфияти Тоҷикистон барои дарёфти узвият дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ баррасӣ мешавад, давлати ин кишвар бояд талошҳои бештаре барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар анҷом бидиҳад.

Ин мақоми СММ аз ҷумла дар ин росто ба талошҳои давлати Тоҷикистон барои мутобиқ сохтани қонунгузории ин кишвар ба истондортҳои байналмилалӣ таъкид кард.

Ӯ таъкид кард, ки “ба иҷро даромадани тавсияҳои СММ дар сутуҳи боло аз роҳҳои амалии расидан ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар аст.”

Иван Шимонович ба вижа ба мавзӯъи мубориза бо шиканҷа дар муассисоти бастаи Тоҷикистон таъкид кардааст. Ӯ дар гузоришаш менависад, ки бо мақомоти тоҷик ба таври муфассал дар бораи шиканҷа сӯҳбат кардааст.

Оқои Шимоновия аз он, ки мақомоти Тоҷикистон дидори ӯро аз яке аз зиндонҳои кишвар дар муддати кӯтоҳ барномарезӣ карда, тақдир ва ба зарурати фароҳам кардани дастрасии Салиби Сурх ба ҳамаи боздоштгоҳҳо ва тасвиби прутукули илҳоқии Кунвенсиюни алайҳи Шиканҷа таъкид кард.

Оқои Шимонович ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон даъват кардааст, ки дарҳои худро барои равандҳои дигар низ боз нигоҳ дорад ва ба озодии баён, озодии таҷаммуъи сулҳомези анҷуманҳо ва мудофеъони ҳуқуқи башар авлавият қоил шавад.

'Пулис ва додситонҳои зан зиёд шавад'

Ёвари Дабири куллии СММ дар умури ҳуқуқи башар дар дидору гуфтугӯҳои худ бо мақомоти интизомии кишвар ба мавзӯъи ҳуқуқи занон ва нигарониҳояш аз хушунати хонаводагӣ алайҳи занон дар Тоҷикистон низ пардохтааст.

Вай аз мақомоти зирабти Тоҷикистон даъват кардааст, ки барои иҷрои муфоди қонуни тозатасвиби ин кишвар барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ сафи занонро дар миёни кормандони пулис ва додситонҳо афзоиш бидиҳад.

Зимнан, давлати Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ Барномаи миллии иҷрои тавсияҳои СММ дар заминаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро барои солҳои 2013-2015 тасвиб кард.

Дар миёни тавсияҳое, ки Тоҷикистон таъаҳҳуд кардааст онҳоро иҷро кунад иқдомоте дар заминаи таъмин кардани озодии расонаҳо, суҳулат бахшидан ба раванди судури муҷаввиз барои фаъъолияти родию ва телевизиюн аст.

Бо ҳадафи риъояти ҳуқуқи башар дар ҷараёни боздошт ва дар муасисоти баста ба монанди боздоштгоҳҳо ва зиндон қабули тағйирот дар қонуни ҷиноии ин кишвар низ дар назар аст.

Яке аз чунин тағйиротҳои мавриди назар, ҳатмӣ шудани сабти ном ва мақоми корманди интизомӣ ё амниятиест, ки дар боздошти ин ё он афрод ширкат кардаанд.

Иван Шимнович, ёвари Дабири куллии СММ дар умури ҳуқуқи башар дар гузориши ахири худ дидгоҳашро аз вазъи ҳуқуқи башар дар Қирғизистон низ иброз дошт.

Дар поёни ин гузориш омада, ки дар поёни сафари вай ба Ӯзбакистон ва Қазоқистон, кишварҳои дигари минтақа дар рӯзҳои 24 ва 25-уми май, ӯ гузорише ҷудогона дар мавриди риъояти ҳуқуқи инсон дар ин кишварҳо низ гузориш интишор хоҳад дод.

Матолиби муртабит