Тасвиби Барномаи миллии беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон Барномаи миллии иҷрои тавсияҳои СММ дар заминаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварро барои солҳои 2013-2015 тасвиб кардааст.
Ин барнома муштаракан аз сӯйи созмонҳои марбути давлатӣ ва ғайридавлатӣ, таҳти назорати ии и Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон хабар додааст, ки Идораи замонати ҳуқуқи шаҳрвандони раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Созмонҳои "Ҷамъияти бози Сурус" ва Дафтари ҳамкориҳои Суис дар Тоҷикистон аз ин тарҳ ҳимояти молӣ карда ва Кумесориёи Олии Ҳуқуқи Башар барои таҳияи ин барномаи кумаки машваратӣкардааст.
Дар доираи ин Барномаи миллии корӣ қабл аз ҳама бояд 106 тавсияи кишварҳои узви Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон иҷро шаванд.
Кишварҳои узви Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ин тавсияҳоро дар ҷараёни нишастҳои моҳи октябри соли 2011 ва соли 2012 ба дунболи омӯзиши Гузориши миллии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ироа карда буданд.
Ҳарчанд ин кишварҳо дар маҷмӯъ ба давлати Тоҷикистон 143 тавсия ироа карда буданд, Душанбе пас аз омӯзиши ин тавсияҳо танҳо 106 тавсияро ба пуррагӣ ва 7 тавсияи дигарро қисман пазируфтааст.
Наргис Зокирова, раиси Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон Барномаи миллии иҷрои тавсияҳои СММ дар заминаи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башарро санаде муҳим барои давлати ин кишвар мехонад.
Вай мегӯяд, ки ин санади ҳуқуқӣ ҳамаи ниҳодҳои давлатиро муваззаф мекунад, ки тавсияҳои додашударо дар замони мушаххас иҷро кунанд.
Ӯ гуфт: "Дар воқеъ ин санади универсалӣ мебошад, зеро ҳадафи тавсияҳои мавриди назар натанҳо беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар, балки тавсеъаи иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишвар, аз ҷумла аз байн бурдани фақр аст. "
Дар миёни тавсияҳое, ки Тоҷикистон таъаҳҳуд кардааст онҳоро иҷро кунад иқдомоте дар заминаи таъмин кардани озодии расонаҳо, суҳулат бахшидан ба раванди судури муҷаввиз барои фаъъолияти родию ва телевизиюн аст.
Бо ҳадафи риъояти ҳуқуқи башар дар ҷараёни боздошт ва дар муасисоти баста ба монанди боздоштгоҳҳо ва зиндон қабули тағйирот дар қонуни ҷиноии ин кишвар низ дар назар аст.
Яке аз чунин тағйиротҳои мавриди назар, ҳатмӣ шудани сабти ном ва мақоми корманди интизомӣ ё амниятиест, ки дар боздошти ин ё он афрод ширкат кардаанд.
Тавсияҳо ҳамчунин иқдомотеро ба умури муҳоҷират, озодии мазҳабӣ, таҳқиқи мустақили шикоёти афроди дар боздошт қарор дошта ва аз байн бурдани шиканҷа, дастрасӣ ба таҳсил ва оби тозаро дар назар доранд.
