Ҳамоиши байналмилалии “Таъмини ҳуқуқи занон: Қонун ва таҷриба”

Яке аз масоили аслии матруҳа дар кунфаронсе дар шаҳри Душанбе таъини роҳҳои расидан ба баробарии ҳуқуқи занон ва духтарон дар кишварҳои Осиёи Миёна буд.
Ин кунфаронси севвуми байналмилалӣ дар заминаи ҳуқуқи занон аст, ки ин бор зери шиъори "Таъмини ҳуқуқи занон: Қонун ва таҷриба" дар Тоҷикистон бо ширкати намояндагони беш аз даҳ кишвар баргузор мешавад.
Ин ҳамоиши ду рӯза, рӯзи душанбеи 29 апрел ба кор оғоз кард ва намояндагони мақомоти кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳии он суханронӣ карданд.
Равшан Абдуллоев, мудири бунёди Евразия дар Тоҷикистон, яке аз мубтакирони аслии баргузории кунфаронс ҳадаф аз баргузории ҳамоишро ҷустуҷӯй ва пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилоти ҳуқуқии занони ва духтарон дар Осиёи Миёна бо истифода аз таҷрубаи қонунгузории давлатҳо ва барномаҳои созмонҳои ғайридавлатии фаъъол дар кишварҳои минтақа дар ин замина унвон кард.
Мушкилоти занони минтақа мушобеҳ аст
Оқои Абдуллоев афзуд: "Яке аз аҳдофи мо дастрасии ҳадди ақал ба баробарҳуқуқии занон дар минтақа мебошад. Ба вижа дастрасии занон ба адолати додгоҳӣ дар кишварҳои минтақа, ки яке аз масоили доғи ҷомеъаи Осиёи Миёна ва бавижа барои Тоҷикистон аст. Ин мушкил, дар ҳоле ки шумори бештари мардон аз Тоҷикистон ба муҳоҷират меравад, дар ҳоли афзоиш аст."
Ҳарчанд аксари суханронони маросими ифтитоҳии ин ҳамоиш, аз ҷумлаи намояндагони давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз кишварҳои дигари Осиёи Миёна дар бораи мушкилоти иҷтимоъии занон ва духтарони кишварҳояшон ҳарф мезаданд, вале намояндагони давлатии Тоҷикистон дар суханрониҳои худ аз мушкилоти аслии ҳуқуқии занони тоҷик сӯҳбат нкарданд.
Намояндагони Қирғизистон мегӯянд, ки хушунати хонаводагӣ ахиран дар ҷомеъаи онҳо низ ба масъалаи доғ табдил ёфта ва яке аз намунаҳои он дуздидани духтарони ҷавон ва аз ин роҳ ба издивоҷ водор кардани онҳо будааст.
Дамира Садбаева, раиси бахши минтақавии Муассисаи Занони Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Миёна, зимни муъаррифии гузориши СММ дар мавриди вазъи занон дар минтақа мегӯяд, ки ҳамасола дар Қирғизистон аз даҳ то дувоздаҳ ҳазор духтар иҷборан ба шавҳар дод мешаванд.
Хонум Садабаева мегӯяд: "Ҳамчунин яке дигар аз мушкилоти духтарони қирғиз рабудани онҳо дар бархе аз манотиқ аст. Ба хотири ҷилавгирӣ аз ин амал бо пешниҳодоти созмонҳои марбут ба занон қонуни ҷазо барои дуздидани духтарон11 сол зиндон пешбинӣ кард."
Аз ин рӯ ба гуфтаи ин масъули СММ дар минтақа, тақвияти қавонини кишварҳои минтақа, ки аз ҳуқуқи занон ва духтарон ҳимоят мекунад, метавонад бисёре аз мушкилоти иҷтимоъии занонро аз миён бибарад.
Хушунат алайҳи зан ва духтар, табъиз ва озори онҳо дар ҷомеъа, масоилест, ки тақрибан иҷтимоъи тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна бо он рӯбарӯ ҳастанд. Аз ин рӯ созмонҳои байналмилалӣ ҳамоишҳоеро, ба боло бурдани ҳуқуқи зан дар ҷомеъа бахшида мешавад, ҳимояти молӣ мекунанд.
Дар Тоҷикистон вазири зан набудааст
Аз баргузории кунфароси имрӯзӣ дар Тоҷикистон, Вазорати умури хориҷаи Финлонд ва Муассисаи Занони СММ ё "UN Women" ҳимояти молӣ кардаанд.
Аммо оё ин нишастҳо метавонанд барои ҳалли мушкилоти умдаи занон ва духтарони минтақа кумаки назаррасе бикунанд? Зеро коршиносон мегӯянд, ки қатъномаҳо бо пешниҳодоти аксари ҳамоишҳои байналмилалӣ дар мавриди беҳбуди вазъи ҳуқуқии занон ва кӯдакон аз сӯйи бисёре аз раҳбарони ин давлатҳо шунида намешаванд.
Аммо Қаюм Юусуфов, ҳуқуқдони тоҷик бо таъкид ба нақши чунин ҳамоишҳо мегӯяд: "Воқеъан чунин нишастҳо буданд, ки мақомоти кишварҳоро водор ба тасвиби бархе аз қонунҳо барои ҳимоят аз мақоми зан дар ҷомеъа карданд."
Оқои Юусуфов ҳамчунин афзуд, ки интисоби шумори занон ва духтарони таҳсилдида барои раҳбарии ниҳодҳо ва муассисоти давлатӣ низ ба суди бедории сиёсии занони мантақа хоҳад буд.
Аммо вай бо нигаронӣ аз он ки дар миёни мақомоти Тоҷикистон шумори занон андак будааст, афзуд: "Чанд соле қабл Президент Раҳмон даъват кард, ки шумори ҳадди ақали мақомоти давлатӣ бояд аз ҷумлаи занон бошанд. Вале фикр мекунам, ки бисёреҳо ҳадди ақалро ба маънии танҳо то муъовинат таъйин шудани занон фаҳмидаанд."
Ин дар ҳолест,к и тибқи гузоришҳои расмӣ ҳар яке аз даҳум мақоми вазирро дар кишварҳои Осиёи Миёна занон ба худ ихтисос додаанд. Аммо дар ҳоли ҳозир раҳбарии ягон вазоратхонаи Тоҷикистон ба зимаи занон вогузор нашудааст.
Душвориҳои дарёфти иттилоъоти дақиқ
Аз сӯйи дигар ширкаткунандагони нишаст нақши расонаҳоро дар матраҳ кардани масоили вазъияти занон ва духтарон дар минтақа таъкид карданд.
Ин дар ҳолест, ки иддае аз хабарнигороне, ки ҳамоиши имрӯзро пайгирӣ мекарданд, мегӯянд, ки дарёфти иттилоъоти дақиқ дар бораи вазъи занон ва духтарон дар Тоҷикистон сахт будааст.
Наргис Ҳамробоева, хабарнигори Asia Plus мегӯяд: "Ман ки масолил занон ва духтаронро бештар пайгирӣ мекунам, барои дарёфти омор дар мавриди худкушӣ ва ё духтароне, ки аз мадраса дар канор мемонанд душвориҳо дорам. Бавижа Кумитаи зан ва хонавода, яке аз ниҳодҳое аст, ки метавонам гӯям, ки бештар ба рӯйи хабарнигорон дарҳои ин ниҳод баста аст."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон ба кори хуби бахши ин кумита дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва тадобири ин бахш барои ҳалли душвориҳои занон ва духтарон таъкид карданд.
Раъно Бобоҷонова, раиси бахши кор бо занону хонавода дар вилояти Суғд мегӯяд, ахиран кормандони онҳо бо таваҷҷуҳ ба афзоиши мавориди худкушӣ дар ин вилоят иқдомоте заруриро барои аз миён бурдани ин падидаи номатлуб дар ин вилоят аз сар гирифтаанд.
Бо ин вуҷуд, хонум Бобоҷонова мегӯяд, ки имсол низ дар ин вилоят шумори зиёде аз занон ва духтарон, ки ба худкушӣ даст задаанд, афзоиш ёфтааст. Вай афзуд, ки дар вилояти Суғд дар се моҳи соли ҷорӣ 27 зан ва духтар даст ба худкушӣ зада ва ин дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли гузашта чаҳор нафар бештар будааст.
Коршиносон сабаби аслии худкушии занон ва духтаронро фақру бенавоӣ ва мушкилоти иҷтимоъӣ медонанд. Вале хонум Бобоҷонова мегӯяд: "Сабабҳои худкушии занон ва духтарон дар вилоят гуногун мебошанд. Ва фикр намекунам, ки камбизоъатӣ далели ба худкушӣ даст задани сокинон бошад."
Вай ҳамчунин бо изҳори нагиронӣ аз афзоиши мавориди худкушии мардон ва навҷавонон дар ин вилоят гуфт, ки дар соли ҷорӣ мавориди даст задани ҷавонтарин сокини ин вилоят, яъне кӯдаки синни 11 сола ба худкушӣ сабт шудааст.
Намояндагони мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ғайридавлатии кишварҳои минтақа фардо низ гузоришҳо ва таҳқиқотҳои коршиносони ин кишварҳоро дар мавриди вазъияти занони минтақа дар ин кунфароси байналмилалӣ ироа мекунанд.
