Вакили мудофеъ бо Зайд Саидов дидор кард
Вакили мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик гуфт, ки баъд аз вақфаи тӯлонӣ тавонистааст, бо мувакили худ мулоқот анҷом диҳад.
Шуҳрат Қудратов, рӯзи ҷумъаи 7-уми июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз дидораш бо оқои Саидов дар рӯзи 29-уми майи соли равон, ӯ имрӯз имкони мулоқоти дубора бо муваккилашро пайдо кард.
Оқои Қудратов гуфт, ӯ нигарон буд, ки бозрасон бидуни ширкати вай Зайд Саидовро бозпурсӣ кардаанд, вале акнун мутмаъйин шуд, ки чунин нақзи қонун сурат нагирифтааст.
Ӯ афзуд, ки муваккилаш аз дарди меъда шикоят кардааст. Оқои Қудратов мегӯяд, ки то ҳол пайвандони Зайд Саидов имкони дидор бо ӯро надоштаанд.
Дирӯз вакили мудофеъи оқои Саидов аз мушкил будани мулоқот бо мувакилаш шикоят карда буд.
Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири собиқи саноъеи Тоҷикистон, ки 19 майи соли ҷорӣ ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуд, дар бозтоштгоҳи муваққатии Кумита амнияи миллии Тоҷикистон ба сар мебарад.
Алайҳи ӯ расман фақат дар асоси банди қонун дар бораи "ришваситонӣ" иттиҳомот ворид шудааст. Оқои Саидов ин иттиҳомро рад мекунад.
Давлат иттиҳомот алайҳи ӯро пас аз он эълом кард, ки оқои Саидов ба унвони раиси гурӯҳи мубтакирон аз таъсиси ҳизбе ҷадид ба номи "Тоҷикистони нав" дар ин кишвар хабар дод.
Гурӯҳи мубтакирони барои таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" гуфтаанд, бо вуҷуди боздошт шудани раҳбари худ, аз иқдом барои таъсиси ин ҳизб бознахоҳанд гашт ва дар ояндаи наздик ин ҳизбро тибқи қонунҳои мавҷуда дар Тоҷикистон таъсис медиҳанд.
Афзун бар ин дар Тоҷикистон эътилофи ҷадиде зери унвони “Барои ҳифзи демукросӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ”, ки ба он гурӯҳе аз ҳуқуқдонҳо, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар шомил шуданд, таъсис ёфт ва масъулони он мегӯянд, яке аз аҳдофи фаъъолияташон ҳимоят аз Зайд Саидов аст.
