Шикояти вакили мудофеъи Зайд Саидов аз кори бозрасон
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик мегӯяд, ки аз “рафтори нодурусти” бозрасҳо дар қиболи муваккилаш ба Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон шикоят бурдааст.
Оқои Қудратов шикоятро дар мавриди он, ки бозрасҳо барои вакилони мудофеъ, иҷоза боздид ва мулоқот бо оқои Саидовро намедиҳанд, рӯзи 13-уми июн ба масъулони ин ниҳод супурд.
Вай дар бораи раванди таҳқиқи парвандаи оқои Саидов гуфт: “Муваккили ман дар ришваситонӣ муттаҳам шудааст. Ман ҳадс мезанам, ки ҳоло бозрасҳо таҳқиқотро барои собит кардани ришваситоние, ки гӯё дар соли 2005 рух додааст, мебаранд. Онҳо ҷуз шаҳодати шифоҳӣ дар мавриди ришваситонӣ далели дигар дар даст надоранд.”
Қаблан вакили мудофеъи оқои Саидов гуфта буд, ки беш аз як ҳафта ба вай ва пайвандони муваккилаш иҷозаи боздид бо оқои Саидовро надода буданд.
Зайд Саидов, тоҷири матраҳ ва вазири собиқи саноеъи ин кишвар субҳи рӯзи 19 май дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд.
Иттиҳомоти алайҳи Зайд Саидов пас аз он ворид шуд, ки вай ба унвони раиси гурӯҳи мубтакирон аз таъсиси ҳизбе ҷадид ба номи "Тоҷикистони нав" хабар дод.
