'Ваъзи саломати Зайд Саидов дар боздоштгоҳ хуб нест'

  • 14 Июн, 2013
Зайд Саидов
Image caption Оқои Қудратов аз вахим шудани вазъи саломати муваккилаш хабар дод

Вакили мудофеъи Зайд Саидов, соҳибкори саршинос, ки аз рӯзи 19-уми май ба иттиҳоми ришвагирӣ дар боздошт қарор дорад, аз бад шудани вазъи саломати муваккилаш хабар дод.

Шуҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов, рӯзи ҷумаъи 14 июн дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Саидов дар номаи худ ба писараш дар бораи бад шудани вазъи саломаташ хабар додааст.

Оқои Қудратов мегӯяд: “Зайд Саидов захми меъда дошт ва ӯ дар нома навиштааст, ки ин беморӣ бурӯз карда ва ӯ ниёз ба пизишк доштааст.”

Оқои Қудратов, рӯзе қабл дар бораи монеъ шудани бозрасон аз дидори ӯ бо муваккилаш ба Ожонси мубориза бо фасод, ки парвандаи оқои Саидовро дар даст дорад, шикоят карда буд. Ӯ гуфта, ки бозрасон имкони мулоқот бо муваккилашро намедиҳанд.

Ин нахустин бор нест, ки оқои Саидов аз бемории меъда ба вукалои мудофеъ шикоят кардааст ва ҳарчанд вукалои мудофеъи вай дархсоти иҷозаи вурӯди пизишк ба назди ӯро карда буданд, вале бозрасҳо ба ин хоҳиш посухи рад додаанд.

Иттиҳомоти кормандони интизомӣ алайҳи оқои Саидов пас аз он эълом шуд, ки Зайд Саидов ба унвони раиси гурӯҳи мубтакирон аз таъсиси ҳизбе ҷадид бо номи "Тоҷикистони нав" хабар дод.

Оқои Саидов расман тибқи модади 319-и қонуни кайфарии Тоҷикистон яъне ришваситонӣ муттаҳам шудааст, аммо вай ин иттиҳом алайҳи худро бепоя хондааст.

Дар ҳамин ҳол яке аз вукалои Зайд Саидов ба расонаҳо гуфтааст, ки масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон худравҳои мутаъаллиқ ба оқои Саидов ва пайвандони вайро мусодира кардаанд.

Матолиби муртабит