Пешниҳоди ҳазфи вожаи "ислом" аз номи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон
Иддае аз рӯҳониёни ширкаткунанда дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамоиш пешниҳод карданд, ки вожаи “ислом” аз номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳазф гардад.
Ин мулоқот, ки рӯзи панҷшанбеи 4 июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, беш аз шаш соъат идома дошт ва аз ҷумлаи андак мулоқотҳои Президент Раҳмон бо мардум буд, ки дар он баъд аз суханронии оқои Раҳмон ширкаткунандагон пурсишҳое матраҳ ва ҳамзамон пешниҳодотеро барои беҳбуди фаъъолияти мазҳабӣ дар ин кишварро ироа доданд.
Мавлон Мухторов, муъовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ва ширкаткунандаи ин нишаст гуфт, ки афроди мазҳабие, ки ин пешниҳодро ироа карданд, мегуфтанд, ки масъулони ин ҳизби сиёсӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон барои пайвастан ба узвияти ҳизб аз вожаи "ислом" истифода мекунанд.
Оқои Мухторов гуфт, ки Президент Раҳмон дар бораи ин пешниҳод дар ҷараёни мулоқот изҳори назаре накардааст.
Ҳамчунин масъулони ҲНИТ низ дар ин бора ҳанӯз ҳеч вокунише накардаанд, аммо Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон танҳо ҳизбе мазҳабӣ дар минтақа ба шумор меравад ва дар ҳудуди 16 соли фаъъолияти озодаш дар Тоҷикистон дорои ҳудуди 50 ҳазор узв аст.
