Раҳмон: "Имомхатибон бояд маъош дарёфт кунанд ва либоси ҳамгун пӯшанд"

  • 4 Июл, 2013
Эмомалӣ Раҳмон
Image caption Ин пешниҳоди оқои Раҳмон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки кишвар ба сӯйи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ меравад

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони кумитаи дини ин кишварро муваззаф кардааст, ки то авохири соли ҷорӣ масъалаи таъмини маъош барои имом-хатибони масоҷид дар Тоҷикистонро ҳал кунанд.

Тибқи иттилоъи шабакаҳои телевизюнии давлатӣ, ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба ин кумита дастур додааст, ки то аввали соли 2014 имом-хатибони масоҷидро бо пӯшиши ҳамгуни вижа таъмин кунанд.

Ин дастури оқои Раҳмон дар ҷараёни мулоқоти вай бо фарҳангиён, рӯҳониюн ва фаъъолони ҷамоъатҳои вилоёти мухталифи Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 4 июл дар шаҳри Душанбе доир шуд, садо додааст.

Ҳамчунин дар ин дидор оқои Раҳмон гуфтааст, ки яке аз аҳдофи баргузории мулоқоти имрӯзӣ беҳбуди фаъъолиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон будаст.

Дар чорчӯби ин иқдом Президент Раҳмон супориш додааст, ки дар Тоҷикистон пӯшиши вижаи ҳамгун барои тамомии имом-хатибони масоҷиди ин кишвар роҳандозӣ шавад.

Ба эҳтимоли зиёд сармояи ин пӯшишҳо низ аз будҷеи давлати Тоҷикистон хоҳад буд, аммо дар ҳоли ҳозир имом-хатибон бо кумакҳои молии намозгузорон дар масоҷид фаъъолият мекунанд.

Супориши Президент Раҳмон барои таъйини маъоши давлатӣ барои имом-хатибони масоҷид дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи қонуни асосии Тоҷикистон фаъъолиятҳои мазҳабӣ дар ин кишвар аз сиёсатҳои давлат ҷудо мебошанд.

Аз ин рӯ бисёре аз ҳуқуқдонҳо ин иқдоми раҳбари кишварро таҳти кунтрули шадид қарор додани фаъъолиятҳои масоҷид ва дар фурсати лозима истифода аз онҳо ба унвони минбарҳои таблиғоти сиёсати давлати кунунӣ арзёбӣ мекунанд.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи иддае аз мунтақидони сиёсатҳои мақомоти давлати феълӣ, иқдоми оқои Раҳмон барои пардохти маъош ба рӯҳониюн, як навъи ҷалби таваҷҷуҳ ба шахсияти худ дар осотонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар будааст.

Онҳо ҳамчунин бар ин боваранд, ки мулоқоти имрӯзаи раҳбари давлат бо намояндагони ақшори мухталифи Тоҷикистон марбут ба интихоботи пеширӯ аст.

Баҳси марбут ба лозим ё нолозим будани таъйини маъош аз будҷеи давлатӣ барои имом-хатибон дар Тоҷикистон аз беш аз шаш моҳ дар Тоҷикистон идома дошт.

Дар моҳи апрели соли равон дар ҳамоише мавсум ба "Нақши масоҷид дар ҷомеъаи Тоҷикистон" дар шаҳри Душанбе ин масъала баррасӣ шуд ва он замон Мавлон Мухторов, муъовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар ин нишаст гуфта буд, ки агар тасмим шавад ба имом-хатибҳо маъош пардохт кунанд, мумкин аст ин ҳазинаҳо аз будҷеи кишвар фароҳам шаванд.

Аммо Абдуллоҳи Муҳаққиқ, донишманди улуми дин мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд маблағ барои маъоши имом-хатибон ва кормандони дигари масоҷид аз хайрияи эътокардаи мардум ба ин масоҷид фароҳам хоҳад шуд.

Оқои Муҳаққиқ ҳамчунин гуфт: "Ман фикр мекунам, ки таъйини маъош барои имом-хатибон ва кормандон танҳо ба суди масоҷид ва мазҳаб дар Тоҷикистон хоҳад буд. Ва имом-хатибон озодии фаъъолиятҳои худро дар чунин маврид аз даст нахоҳанд дод.”

Ситоиш аз озодии фаъъолиятҳои динӣ

Дар нишасти имрӯз Президент Раҳмон бо таъкид ба озодии фаъъолиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, ки ахиран 200 ҳазор адад нусхаи Қуръон, китоби муқаддас дар ин кишвар ба забони форсии тоҷикӣ баргардон ва ба мардум ба таври ройгон тавзеъ шудааст.

Тибқи иттлоъи сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон ҳамчунин афзуд, ки дар 20 соли касби истиқлол шумораи масҷидҳо аз 17 масҷиди даврони шӯравӣ то ба беш аз чаҳор ҳазор расидаааст. Ва ҳамчунин гуфтааст, ки шумори зоирон низ дар ин муддат аз 30 нафар то ба 200 ҳазор нафар афзоиш ёфтаст.

Президент Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи шумораи масоҷид мақоми аввалро ба худ ихтисос додааст.

Вай афзудааст: “ Ҳамчунин имрӯз барои адои фаризаҳои динии пайравони мазҳаби исмоъилия ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё гардида ва дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе Маркази исмоъилия амал мекунад ва 83 нафар халифаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи талаботи қонун озодона фаъъолият доранд.”

Оқои Раҳмон ҳамчунин гуфт, ки ҳарчанд беш аз як дарсади сокинони Тоҷикистонро пайравонии адёни ғайриисломӣ ташкил медиҳанд, аммо дар ин кишвар беш аз 70 иттиҳодияи диннии ғайриисломӣ расман фаъъолият доранд.

Ҳимояти оқои Раҳмон аз сиёсатҳои давлат дар масоили динӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои хориҷ ва созмонҳои дифоъи ҳуқуқи башар аз ин сиёсатҳои ӯ интиқод кардаанд.

Бахусус бастани масоҷид, маҳдудияти рафтани ҷавонони зери 18 сол ба масҷид, маҳдудияти пӯшидани либоси исломӣ барои духтарон, гузоштани риш ва муттаҳам кардани рақибони сиёсӣ ба ифротгароӣ аз масоиле ҳастанд, ки мӯҷиби чунин интиқодот шудаанд.

Президент Раҳмон дар идомаи суханронии имрӯзии худ аз афзоиши ифротгароӣ ва суистифода аз мазҳаб аз сӯйи иддае аз афрод барои расидан ба ғаразҳои хусусӣ ва сиёсӣ изҳори нигаронӣ кард.

Вай гуфт: "Тибқи маълумот, имрӯз беш аз 80 хонавода, аз ҷумлаи шаҳрвандони мо дар минтақаи Вазиристони Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд. Шумо мақсади ба он ҷо рафтани одамонро хуб медонед."

Оқои Раҳмон ҳамчунин аз мавориди даст задани иддае аз сокиноне, ки худро ҳоҷӣ медонанд ба ҷароим мисол овард.

Ӯ мегӯяд: “Баъзе шаҳрвандоне, ки ба мартабаи ҳоҷӣ мушарраф шудаанд, даст ба ҷинояту қонуншиканӣ мезананд. Масалан, танҳо дар соли 2012 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ 50 нафар ҳоҷиён ҷиноёти мухталифро содир кардаанд.”

Оқои Раҳмон ҳушдор дод, ки он идда аз афроди мазҳабӣ, ки "ба чунин амалҳои зишт даст мезананд" шадидан муҷозот хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки барои ширкати рӯҳониюн, фарҳангиён ва фаъъолони ҷамоътҳо дар мулоқоти имрӯзи оқои Раҳмон чун ҳамоишҳои қаблӣ афроди интихобӣ аз сӯйи масъулони давлатӣ даъват шудаанд.

Аммо ин ҳамоиш, ки беш аз шаш соъат идома дошт, аз ҷумлаи андак мулоқотҳои Президент Раҳмон бо мардум буд, ки дар он баъд аз суханронии оқои Раҳмон ширкаткунандагон аз раиси ҷумҳур пурсишҳои мухталиф карда ва ҳамзамон пешниҳодотеро барои беҳбуди фаъъолияти мазҳабӣ дар ин кишвар ироа доданд.

Ин дар ҳоле аст, ки ахиран дар пешорӯи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар расонаҳо аз тулонӣ бар сари қудрат будани оқои Раҳмон ва нуфузи хонавода ва наздикони ӯ дар бахшҳои калидии иқтисоди кишвар интиқодоте мунташир шудаанд.

Матолиби муртабит