Абдуфаттоҳ Шарифов: 'Дар бозгашти Бозор Собир ғараз наҷӯед'

Сухангӯйи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонаҳо даъват кард, то дар атрофи бозгашти Бозор Собир, шоъири маъруфи тоҷик ба ватан ҳангома наҷӯянд ва ба ин рӯйдод тобиши сиёсӣ надиҳанд.
Ин суханонро Абдуфаттоҳ Шарифов, панҷшанбеи 30 май, пас аз дидори Бозор Собир бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Оқои Шарифов дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт: “Гуфтугузорҳо дар бораи он ки Бозор Собир маҳз дар соли интихоботи президент даъват шуда ва дар ин ғаразҳо вуҷуд дорад, бепоя аст. Дар 10 соли ахир ҷаноби олӣ борҳо талош кард, то Бозор Собир ба ватан бозгардад.”
Ба гуфтаи оқои Шарифов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳангоми сафар ба Омрико чаҳор маротиба хостори дидор бо Бозор Собир шуда буд, то худаш ӯро ба ватан даъват кунад.
Оқои Шарифов гуфт, бозгашт ба Тоҷикистон тасмими худи Бозор Собир.
Худи Бозор Собир, шоъири маъруфи тоҷик ва барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пас аз дидор бо Президент Раҳмон дар Кохи Миллат ба хабарнигорон гуфт: “Қаблан даъват шуда будам, аммо барои бозгашт шароъити мусоид фароҳам набуд. Дар нимаи солҳои 1990, замони вазири хориҷа будани Талбак Назаров даъват шуда будам. Ба далели набудани шароити лозим бозгашт ба таъвиқ афтод.”
Оқои Собир афзуд, ки дар чанд соли ахир борҳо ба Тоҷикистон омада ва касе дар роҳи вуруди ӯ ба ин кишвар монеъ нашуда буд.
Ӯ барои даъвати расмӣ аз Президент Раҳмон ибрози сипос карда ва гуфт: “Ҳоло ба сифати тоҷики муҳоҷир бо даъвати расмӣ омадам, ки эътибораш бештар шуд.”
Ӯ гуфт, ки даъватномаи расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вай Сироҷиддин Аслов, сафири Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид таслим кардааст.
Бозор Собир се рӯз пеш дар фурӯдгоҳи Душанбе далели бозгашташ ба Тоҷикистонро пирӣ хонд ва гуфт, ки фавтидан дар ғурбат барои хонаводааш гарон тамом хоҳад шуд.
Ӯ ба расонаҳои маҳаллӣ дар фурӯдгоҳ тавзеҳ дод, ки қимати як ҷой дар қабристон дар Омрико 10 ҳазор дулор буда ва сӯзондани ҷасад 7 ҳазор дулор арзиш доштааст.
Бо вуҷуди ин суҳбатҳои оқои Собир дар фурӯдгоҳ, ин шоъири 75-сола ба ҳангоми мусоҳиба бо хабарнигорон пас аз дидораш бо оқои Раҳмон сари ҳол ба назар мерасид ва ҳеҷ нишонае аз беморие дар ӯ дида намешуд.
Бозгашти Бозор Собир ба Тоҷикистон аз дидорҳои қаблии ӯ аз ин кишвар тафовути ҷиддӣ дошта ва ин бор ӯ дар фурӯдгоҳи Душанбе аз ҷониби масъулони дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, вазорати фарҳанг ва намояндагони порлумони кишвар истиқбол шуд.
Оқои Собир дар фурӯдгоҳ зимни сӯҳбат бо хабарнигорон аз рӯшанфикрони Тоҷикистон даъват кард, то аз раиси ҷумҳурӣ пуштибонӣ кунанд. Ҳамчунин, ӯ вуҷуди аҳзобу созмонҳои зиёдро барои ин кишвар беманфиъат хонд.
Аммо Раҷаби Мирзо, раҳбари маркази таҳлилии “Бозтоб” гуфтааст, ки хуб мебуд, агар Бозор Собир баъди бозгашт аз ғурбат низ ба шеъру адабиёт сару кор гирифта ва вориди саҳнаи сиёсат нашавад.
Бозор Собир аз шоъирони маҳбуби замони шӯравии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва бо шеърҳои “Забони модарӣ”, “Тоҷикистон”, “Ватан” ва “Девори Бухоро” дар саргаҳи ҷунбиши бедории миллӣ қарор дошт.
Ӯ дар авохири даҳаи 1980 ба сиёсат рӯй оварда, ба ҷунбиши мардумии “Растохез” пайваст ва дар соли 1990 намояндаи порлумони Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар соли 1993 ӯ боздошт ва зиндонӣ шуда дар поёни ҳамин сол таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ озод шуд. Вай пас аз ин аввал ба Русия ва сипас ба Омрико куч рафт.
Ин шоъири зиддунақиз пас аз солҳои зиндагӣ дар Омрико аз идеҳои қаблии худ рӯ тофт ва ба ситоиши даврони шӯравӣ ва шахсияти Владимир Ленин, поягузори Иттиҳоди Шӯравӣ пардохт.
