Раҳмон: “Афғонистони пас аз соли 2014 барои минтақа хатарзо нахоҳад буд”

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм аз Афғонистон дар соли 2014 ба вазъияти амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ асари ҷиддӣ нахоҳад гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон, ки шоми душанбеи 27 май, пас аз дидору гуфтугӯ бо Алмазбек Отамбоев, ҳамтои қирғизи худ дар шаҳри Бишкек бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, "фикр намекунад", ба дунболи хуруҷи ин нерӯҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сарозер шаванд.
Ҳамзамон, оқои Раҳмон аз муттаҳидони Тоҷикистон дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) даъват кард, то дар таҳкими марзҳои муштараки Тоҷикистону Афғонистон, ки ҳамзамон марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд маҳсуб мешавад, мусоиъдат кунанд.
Дар назар аст, дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СПАД, ки имрӯз, 28-уми май дар шаҳри Бишкек шурӯъ шуд, масоили таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон, муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводди мухаддир, террурисм ва бунёдгаройӣ баррасӣ шавад.
Дар ҷараёни дидори руасои ҷумҳурии Қирғизистону Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек дар канори масоили амнияти минтақа мавзӯъоти таъйини хутути марзи миёни ин ду кишвар, обу энержӣ ва роҳҳои иртиботӣ матраҳ шуд.
Руасои ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди ҳамкорӣ барои таъйини хутути марз миёни ин ду кишвар ва ҳалли мухолифатҳои марзӣ мувофиқатномаеро имзо карданд.
Дар марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 60 минтақаи баҳснок вуҷуд дорад, ки ҷонибҳо дар мавриди онҳо ба тавофуқ нарасидаанд. Ин амр далели ба кундӣ пеш рафтани раванди таъйини хутути марзӣ миёни ин ду кишвар аст.
Аз сӯйи дигар Руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон дар заминаи бунёди роҳи оҳани Русия-Қазоқистон-Қирғизистон –Тоҷикистон тааҳҳуд кардаанд.
Алмазбек Отамбоев, Раиси ҷумҳурии Қирғизистон, пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ гуфтааст, тарҳи бунёди ин роҳи оҳан барои баррасӣ ба ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ(СПАД) дар шаҳри Бишкек пешниҳод хоҳад шуд.
Оқои Отамбоев ибрози умедворӣ кардааст, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ин роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Афғонистон, Покистон, Эрон ва кишварҳои Халиҷи Форс низ кашида мешавад, ин тарҳ ба Русия ва Қазоқистон ҷаззоб буда ва мавриди пуштибонӣ қарор хоҳад гирифт.
Нерӯгоҳҳо 'ҳаққи мусаллами' Қирғизистон ва Тоҷикистон
Бино ба иттилоъи нашрияи “Вечерний Бишкек” оқои Отамбоев бунёди нерӯгоҳҳои обиро ҳаққи қонунии Қирғизистону Тоҷикистон хонда, вале гуфтааст, ки ба ҳангоми бунёди ин гуна нерӯгоҳҳо манофеъи кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳатман дар назар гирифта хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Раиси ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон омодагии худро барои ширкат дар тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои обӣ дар ин кишвар иброз дошта ва аз Ӯзбакистон даъват кардааст, аз Қазоқистон пайравӣ кунад.
Зимнан, Тоҷикистону Қирғизистон аз манобеъи бузурги нафту гоз бархурдор набуда ва танҳо аз тариқи баҳрабардорӣ аз захоири бузурги нерӯи барқи обӣ барои ҳалли мушкили камбуди энержӣ талош мекунанд.
Аммо Ӯзбакистон аз мухолифони сарсахти тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар рудхонаҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ маҳсуб буда ва эҳдоси чунин нерӯгоҳҳоро ба муҳити зист хатарофарин мехонад.
Дар ҷараёни дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Қирғизистон миёни ин ду кишвар дар бахшҳои иртибототи утумубилӣ, иртибототу текнулуҷӣ, омӯзишу парвариш, варзиш ва гумрук 10 санади ҳамкорӣ имзо шуд.
Ҳамчунин, руасои ҷумҳурии Қирғизистону Тоҷикистон Ёддошти тафоҳумро дар бораи тавсеъаи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф имзо карданд.
Қарор аст, имрӯз Президент Раҳмон дар ҳамоиши ғайрирасмии кишварҳои СПАД дар шаҳри Бишкек ширкат кунад.
