Раҳмон: 'Интихоботи озод ва одилонаро кафолат медиҳам'

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба порлумони Тоҷикистон гуфт, кафолат медиҳад, ки интихоботи соли ҷорӣ одилона ва демукротик баргузор хоҳад шуд.
Президент Раҳмон, ин суханонро рӯзи ҷумъаи 26 апрел, дар ҷараёни ироъаи паёми солонаи худ ба порлумони Тоҷикистон гуфт.
Ӯ гуфт: “Ман бо масъулияти баланд, кафолат медиҳам, ки ин инитихобот ба таври демократӣ, озод ва шаффоф баргузор хоҳад шуд. Ба аҳзоби сиёсӣ барои ширкат дар ин маъракаи муҳим шароити баробар таъмин хоҳад шуд.”
Оқои Раҳмон аз азҳоби сиёсӣ даъват кард, ки чун дар солҳои 1991-1992 дар раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба “умеди хоҷаҳои хориҷии худ” нашаванд.
Раиси ҷумҳурӣ дар мавриди ба имкони ширкат кардани худ дар интихобот ишорае накарда, аммо гуфт, бояд кодрҳое омода шаванд, ки дар мақоми раиси ҷумҳурӣ кор карда тавонанд.
'Ҳадаф - тавсеъаи иқтисод ва беҳбуди зиндагии мардум аст'
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумони Тоҷикистон ба тавсеъаи баъдии иқтисод ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми кишвар таъкид кард.
Ба ин манзур Истротежии боло бурдани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 тасвиб шудааст.
Ҳазинаи умумии ин истротежӣ 18 милёрд сомонӣ буда ва аз буҷети давлати Тоҷикистон барои иҷрои он 12 милёрд сомонӣ тахсис хоҳад шуд.
Оқои Раҳмон гуфт, ки дар муддати 7 соли ахир мизони Маҳсулоти нохолиси миллӣ аз 9,3 милёрд сомонӣ то 36 милёрд сомонӣ афзоиш ёфта ва рушди солона 7 дарсадро ташкил додааст. Ҳамчунин, дар ин муддат ҳаҷми Маҳсулоти нохолиси миллӣ ба ҳар нафари сокинони Тоҷикитсон аз 1335 сомонӣ то 4850 сомонӣ боло рафтааст.
Сатҳи фақр низ аз 81 дарсад дар соли 1999 то ба 38 дарсад дар соли гузашта, яъне 45 дарсад коҳиш ёфтааст.
Президент Раҳмон гуфт, аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳуқуқи моҳона ё маоши устодони мактаҳои мутавассита 30 дарсад ва кормандони дигари бахши буҷетии Тоҷикистон, бо шумули маоши кормандони бахшҳои илм, фарҳанг, беҳдошт, ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ 20 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Ӯ гуфт интизор меравад, ҷамъияти Тоҷикистон то соли 2020 ба 10 милюн нафар расида ва маоши мутавассит дар ин муддат 3 баробар боло равад.
Ба гуфтаи оқои Раҳмон, феълан захираи тило ва асъори кишвар ба 4 милёрд сомонӣ ва захираи тило 13 тунро ташкил додааст. Дар соли 1995 захираи тилою асъори Тоҷикитсон ба сифр баробар буд.
'Камбуди энержӣ сабаби камбуди сармоягузорӣ'
Зимни арзёбии вазъи бахши энержӣ ва дурнамои он дар паёми раиси ҷумҳурӣ ба бунёди нерӯгоҳи Роғун ишорае нашуд.
Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи ҷумъаи 26 апрел, дар иҷлоси муштараки Маҷлиси улё ва суфлои порлумон сӯҳбат мекард, коҳиши мизони талафи нерӯи барқ, бозсозии нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва системи энержии кишварро роҳҳали камбуди шадиди нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон унвон кард.
Оқои Раҳмон гуфт, дар назар аст, то охири соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе истгоҳи барқи ҳароратӣ (ТЭЦ) қисман ба кор шурӯъ карда ва дар моҳи апрели соли оянда ин нерӯгоҳ комилан мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Дар пайи маврди баҳрабадорӣ қарор гирифтани ин нерӯгоҳ ба миқдори 100 меговотт нерӯи барқ тавлид хоҳад шуд ва манозили сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон энержиро аз авомили аслии тавсеъаи иқтисоди кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ арзёбӣ кард.
Оқои Раҳмон гуфт: “Дар ҳоле ки дар муддати 6 моҳ Тоҷикистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ рӯбарӯ аст, чи гуна сармоягузори хориҷӣ ба ин кишвар меояд? Сабаби дигари кам буани сармоягузории хориҷӣ ҳамсоягии Тоҷикистон бо кишвари ноороми Афғонистон аст.”
Наврӯз ба дини ислом мухолиф нест
Президент Раҳмон аз бархе иддаъоҳо дар остонаи таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз мабнӣ бар он ки ҷашни Наврӯз барои тоҷикон бегона будааст, интиқод кард.
Оқои Раҳмон бо такя ба фатвои шаръии Имоми Аъзам, поягузори маҳзаби ҳанафӣ гуфт, ойини наврӯзӣ ба ҳеч ваҷҳ ба дини мубини Ислом мухолифат надорад.
Ӯ гуфт, ойини Наврӯз 6 ҳазор сол қабл арзи вуҷуд карда ва дар он замон дар 23 кишвар таҷлил мешуд. Яъне, 4,5 ҳазор қабл аз зуҳури дини ислом дар бештари кишварҳо аз ҷашни Наврӯз таҷлил мешуд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хитоб ба сокинони кишвар аз онҳо даъват кард, ки аз идеологияи бегона парҳез кунанд. Аммо ташреҳ надод, ки манзураш аз кадом идология аст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Тоҷикистон бо даҳҳо созмонҳои байналмилалии исломӣ ҳамкорӣ дошта ва ҳоло дар ин кишвар барои ибодати озоди мусалмонон шароити зарурӣ фароҳам шудааст.
Ӯ таъкид кард, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор масҷид фаъолият мекунад, дар ҳоле, ки дар даврони шӯравӣ теъдоди масоҷид дар Тоҷикистон фақат 17 адад буд.
'Раванди фарзандхонӣ сода шавад'
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон системи фарзандхонӣ дар Тоҷикистонро “бурокротик” хонд ва монеъи аслӣ дар роҳи афзоиши фарзандхонӣ дар кишвар унвон карда ва хостори сода кардани ин раванд шуд.
Тибқи иттилоъи расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 3300 ятим ва 1200 кӯдаки бо як волидайн ба сар мебаранд.
Оқои Раҳмон гуфт, ба далели бурокросии фаровон дар низоми фарзандхонии кишвар, хонаводаҳо наметавонанд ятимонро басодагӣ фарзанд бихонанд ва ин амр ба афзоиши мавориди фурӯши кӯдакон мунҷар шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба арзишҳои миллӣ ва исломии тоҷикон фарзанд бояд дар хонавода ба бор биояд.
Раиси ҷумҳурӣ дар ин замина аз соҳибкороне, ки барои баргузории ҷашни хатнасурии кӯдакон кумак мекунанд, ибрози сипос кард.
Ӯ ҳамзамон, аз бархе уламои исломӣ интиқод кард, ки маросимҳои бузургу пурхарҷ баргузор карда, аммо барои кумаки молӣ ба ятимону мӯҳтоҷон иқдоме намекунанд.
Оқои Раҳмон бо ишора ба ҳодисаи нопадид шудани ду духтари хурдсол дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар бархе маворид падару модарон дар тарбияти фарзандон кӯтоҳӣ мекунанд ва фарзандонро дар хиёбонҳо бидуни назорат мегузоранд.
Паёми солонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сурати мустақим дар телевизиюни давлатии кишвар пахш шуд.
Телевизиюни давлатии Тоҷикистон як рӯз қабл аз ин барои як рӯз пахши барномаҳои худро қатъ карда ва эълом кард, ки ба манзури пахши бидуни мушкилоти ин паём ба сурати мустақим, дар коргоҳҳои телевизиюн "корҳои фаннӣ" анҷом медиҳад.
