Дидори Президент Раҳмон аз Белжик

  • 9 Апрел, 2013

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо як дидори расмӣ озими Белжик шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор оқои Раҳмонро Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъ, Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва афроди дигари расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ин манбаъ барномаи сафари Президент Раҳмон ва масоили мавриди баҳси Тоҷикистону Белжикро эълом накардааст.

Ин дидори чоруми Эмомалӣ Раҳмон аз Белжик буда ва дар ҷараёни дидорҳои қаблӣ дар солҳои 2003, 2004 ва 2009 дар заминаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва омӯзишу парвариш 7 санад имзо шуда буд.

Дар моҳи майи соли 2009 Ван Ромпей, нахуствазири Белжик аз Тоҷикистон дидор карда буд.

Равобити диплумотии Тоҷикистону Белжик аз моҳи апрели соли 1992 шурӯъ шуда ва дар соли 2001 дар шаҳри Бруксел, пойтахти Белжик, Сафорати Тоҷикистон, ки ҳамзамон намояндагии Доимии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Урупо маҳсуб мешавад, ифтитоҳ шуда буд.