Президент Раҳмон: “Ба зимистон аз ҳоло бояд омода шуд”

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳодҳои давлатӣ дастур додааст, то барои фаъолияти муназзаму муассири бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишвар дар фасли сармо талош кунанд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи панҷшанбеи 28-уми март, дар ҷаласаи ҳайъати давлати ин кишвар сӯҳбат мекард, ба “навсозии марказҳои барқу гармидиҳӣ ва тасреъи сохтмони чунин маркази ҷадид дар шаҳри Душанбе” таъкид кардааст.
Ҳамзамон, Президент Раҳмон барои захира кардани миқдори зарурии ангишт, гози моеъ ва мазут дастур додааст.
Дар ҷаласаи ҳайъати давлати Тоҷикистон, ҳамчунин, пешнависи Қонуни “Муомила бо партовҳои радиоактив” тасвиб шуда ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дар ин нишаст ба чанд санади ҳуқуқӣ, назири “Телевизиюн ва радиошунавоӣ”, “Сарватҳои зеризаминӣ” ва “Ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ” тағйиру иловаҳо ворид шудааст.
Дар ҷаласа мусаваббаи давлати Тоҷикистон дар бораи таҷлил аз 700-умин солгарди мавлуди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мутафиккири Машриқзамин дар соли 2015 ва таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб шудааст.
Дар фароварди ҷаласа Президент Раҳмон ба масъулони ниҳодҳои давлатӣ барои омода кардани пумп ё насосҳои обкаши барқӣ барои таъмини кишоварзон бо об , ҷамъоварии маболиғи пули истифодаи об, таҳкими савоҳили рудхонаҳо ва ҷилавгирӣ аз авоқиби ҳаводиси табиъӣ дастурҳо додааст.
