Мавзӯъи "Роғун" дар меҳвари дидори Раҳмон ва Басу

Масъалаи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва як мақоми аршади Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. Дар ин бора сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Бар асоси иттилоъи сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Раҳмон, рӯзи панҷшанбеи 4 апрел бо Кауши Басу (Kaushik Basu), муъовини раиси бахши тавсеъаи иқтисодии Бонки Ҷаҳонӣ мавзӯъи ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоъии ин кишвар ва бозрасии фанниву экулужии тарҳи “Роғун”-ро матраҳ кардааст.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо аз раванди тавсеъаи иқтисодии Тоҷикистон изҳори ризоят карда ва эълом карданд, ки афзоиши маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар ду моҳи соли 2013 дар кишвар 7,2 дарсад ва таваррум 1,1 дарсадро ташкил дода.
Ба назар мерасад, табодули назар дар бораи натоиҷи бадастомада аз бозрасиҳои коршиносони мустақил аз тарҳи “Роғун”, ки Бонки Ҷаҳонӣ ду тарҳи бозрасии зистмуҳитӣ ва фанниву иқтисодии онро ҳимояти молӣ мекунад, аз мавзӯъоти аслии ин дидор буд.
Вале гузориши сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора ҷузъиёти ин мулоқотро шарҳ надодааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, баррасии танишҳо дар атрофи ин тарҳ ва имкони музокира бо Ӯзбакистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, ки аз мухолифони аслии тарҳи "Роғун" ба шумор меравад, ҳадафи аслии ин дидори масъули Бонки Ҷаҳонӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон будааст.
Мақомоти Узбакистон пайваста нигаронии худро аз ворид шудани хисроти ҳангуфт ба иқтисоди он кишвар дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ва паёмадҳои эҳтимолии зистмуҳитии ин тарҳ иброз доштааст.
Душанбе дар навбаи худ ин нигарониҳоро бепоя хонда нақши нерӯгоҳи "Роғун"-ро дар тавсеъаи иқтисоди натанҳо Тоҷикистон балки ҳамаи минтақа калидӣ мехонад. Ахиран бархе аз маҷаллаҳои мӯътабари омрикоӣ, аз ҷумла "Фурбз" ва "Диплумотик Куриер" мақолаҳое ба ин мазмун мунташир кардаанд.
Мухолифати ду кишвар бар сари бунёди нерӯгоҳи "Роғун" мунҷар ба он шудааст, ки дар авохири моҳи март, Ҷон Ҳарфст (Jan Harfst ), намояндаи минтақаии СММ дар Урупо ва кишварҳои мустақили ҳамсуд, дар яке аз ҷаласоти созмони милал пешниҳод кард, ки Қазоқистон, кишвари дигари минтақа барои ба музокира нишондани Тоҷикистону Узбакистон миёнҷӣ шавад.
Оқои Ҳарфст ин пешниҳодро дар ҷараёни суханрониаш дар мавзӯъи “Захоири об ва таззодҳо дар Осиёи Миёна” дар ҳамоише зери унвони “Амният дар Осиёи Марказӣ” ироа кардааст.
