Интихоби дубораи Раҳмон ба раҳбарии Кумитаи Улампик
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бори дуюм раиси Кумитаи миллии улампики ин кишвар интихоб шуд.
Дар Маҷмаъаи умумии ин кумита дар рӯзи чоршанбеи 3 апрел танҳо номзадии оқои Раҳмон пешниҳод шуда ва ӯ бо аксари кулли оро барои чор соли дигар ба ин мақоми раҳбарӣ интисоб гардид.
Дар ин ҳамоиш Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон ба ҳайси муъовини аввали раис, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулл ва Маҳмадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи улампики ин кишвар баргузида шуданд.
Зимнан, Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Президент Раҳмон раёсати Федеротсиюни футболи Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.
