Дидори Президент Раҳмон бо Дабири кулли НОТУ

  • 10 Апрел, 2013

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни дидораш аз Белҷик дар шаҳри Бруксел бо Андерс Фог Расмуссен, Дабири кулли Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ(НОТУ) дидор кард.

Бино ба гузориши сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент Раҳмон дар ин дидор ҳамкориҳо дар чорчӯби барномаи “Ҳамкорӣ барои сулҳ”-ро ҳамчун як омили муассир дар таҳкими равобити Тоҷикистону НОТУ арзёбӣ кардааст.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, НОТУ дар чорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон дар поксозии манотиқи ин кишвар аз мин, таҳкими амнияти марз, омодасозии кодрҳои низомӣ, мубориза бо террурисму қочоқи маводди мухаддир ва рафъи авоқиби ҳаводиси табиъӣ кумак кардааст.

Оқои Расмуссен ба навбаи худ нақши Тоҷикистонро дар мусоъидат ба нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон ва бозсозии иқтисоди ин кишвар муҳим талақӣ карда ва дар ин раванд Тоҷикистонро “шарики боэътимоди НОТУ” хондааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бруксел бо Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷӣ ва масоили амниятӣ дидору гуфтугӯ кардааст.