Раҳмон хостори боло бурдани сатҳи худогоҳии миллӣ шуд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ҷавонони кишвар бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тавсеъаи эҳсосоти худогоҳию худшиносии миллӣ ва омодагӣ барои хидмати Ватан-модар тарбият шаванд.
Ба эътиқоди Президент Раҳмон дар ин росто дар канори падару модарон собиқадорони ҷангу кор, устодону рӯшанфикрон ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеъа саҳми фаъол бигиранд.
Дар паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар иртибот ба 68-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм таъкид шудааст, дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон ва рақобату муқовимати нерӯҳои мухталиф “масъулияти сохторҳои низомӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакати мо низ бамаротиб меафзояд.”
Дар паём аз ҳеч кишвари ноором ном бурда нашудааст, аммо занни он меравад, манзури оқои Раҳмон ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон аст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалии алайҳи террурисм аз ин кишвар дар соли оянда метавонад ба вазъияти амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ асар гузорад.
Дар ҷанги алайҳи Олмони нозӣ 300 ҳазор тан аз атбоъи Тоҷикистон ширкат карда ва 100 ҳазори онҳо дар набардҳо ҷон бохтаанд.
Феълан дар Тоҷикистон 1441 нафар собиқадорон ва маълулони Ҷанги ҷаҳонии дуюм ба сар бурда ва ба гуфтаи Президент Раҳмон ин афрод “пурра таҳти ғамхории давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.”
Бино ба иттилоъи Кумитаи собиқадорони ҷанги Тоҷикистон, моҳиёна ба ҳуқуқи бознишастагии собиқадорон ва маълулони ҷанг ба миқдори 300 сомонӣ кумакпулӣ зам шуда ва ҳамасола ба онҳо ба миқдори 1500 сомонӣ кумаки молӣ тавзеъ мешавад.
Ҳамчунин, тибқи иттилоъи ин манбаъ, ин афрод аз хадамоти ройгони беҳдоштӣ бархурдор ҳастанд.
