Тағйироти кодрӣ дар сохторҳои давлатӣ

  • 18 Апрел, 2013

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон чанд тан аз масъулони ниҳодҳои давлати ин кишварро таъйин кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 18 апрел, Президент Раҳмон Аслиддин Низомовро аз симати раисии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон барканор карда ва Диловар Латифовро ба ин мақом баргузидааст.

Ҳамчунин, тибқи фармони раиси ҷумҳурӣ Зеваршо Зеваршоев, муъовини вазири кишоварзӣ, Нигина Абдуллоева, муъовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва Зафаршо Иброҳимов, муъовини раиси Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъйин шудаанд.

Президент Раҳмон раҳбарони бахшҳои Вазорати умури дохила дар шаҳру навоҳии Турсунзода, Файзобод, Ҳамадонӣ, Носири Хисрав ва Кӯҳистони Мастчоҳ ва истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанберо табдил кардааст.