Дидори Раҳмон аз Қирғизистон

  • 27 Май, 2013
Бишкек
Image caption Президент Раҳмон бо як дидори расмӣ вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд

Зӯҳри имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати давлатӣ бо дидори расмӣ вориди Қирғизистон шуд.

Дар ин дидор Президент Раҳмонро вузарои хориҷа, дифоъ, нақлиёт, обёрию захоири об, ниҳодҳои гумруку марзбонӣ, идораи иртиботот ва масъулони дигари сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҳамроҳӣ кардаанд.

Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо Алмазбек Атамбоев, ҳамтои қирғизи худ, масоили иқтисоду тиҷорат, обу энержӣ ва нақлиётро баррасӣ кунад.

Ба гуфтаи Урмат Саралев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон, интизор меравад, дар ҷараёни ин дидор миёни ин ду кишвар дар бахшҳои омӯзишу парвариш, гумрук, варзиш ва дар заминаи вазъияти фавқулъодда 4 санади ҳамкорӣ имзо шавад.

Ҳамчунин, дар ҳошияи дидори Президент Раҳмон аз Қирғизистон дар шаҳри Бишкек ҷаласаи нахустини Шӯрои байнидавлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Ҳамзамон, оқои Саралев гуфт, дар дидори феълии руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон масоили таъйини хутути марз миёни ин ду кишвар матраҳ нахоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба далели вуҷуди манотиқи баҳснок раванди музокирот барои таъйини хутути марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кундӣ пеш рафта ва мушаххас набудани марзҳои ин ду кишвар ба бурузи мухолифатҳо миёни сокинони манотиқи марзӣ мунҷар шудааст.

Масалан, дар моҳи гузашта дар манотиқи баҳснок дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва Боткенти Қирғизистон миёни тоҷикону қирғизҳо мухолифат рух дода ва танҳо бо талошҳои масъулони ниҳодҳои зирабти ду кишвар ин мушкил рафъ шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) низ, ки рӯзҳои 28-29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек баргузор хоҳад шуд, ширкат мекунад.

Гуфта мешавад, хатароти эҳтимолӣ аз Афғонистон дар пайи хуруҷи нерӯҳои Эътилофи байналмилалии алайҳи террурисм аз ин кишвар дар соли 2014 аз мавзӯъоти аслии мавриди баҳс дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД маҳсуб мешавад.

Зимни баррасии ин мавзӯъ мумкин аст, масоили марбут ба таҳкими бештари марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон, мубориза алайҳи маводди мухаддир ва бунёдгаройӣ матраҳ шавад.

Интизор меравад, дар ҳошияи ин ҳамоиш Президент Раҳмон бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дидору гуфтугӯ кунад.

Хабаргузории “РИА Новости” аз қавли Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳурии Русия дар ин замина хабар дода, аммо аз мавзӯъи мавриди баҳси тарафҳо иттилоъе надодааст.

Матолиби муртабит