НОТУ Тоҷикистонро шарики боэътимод хондааст

Андерс фоғ Расмуссен, Дабири кулли Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ(НОТУ) зимни дидор бо Президент Раҳмон Тоҷикистонро “шарики боэътимоди НОТУ” хондааст.
Оқои Расмуссен, ки рӯзи чоршанбеи 10 апрел, дар шаҳри Бруксели Белҷик бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ мекард, нақши Тоҷикистонро дар мусоъидат ба нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон ва бозсозии иқтисоди ин кишвар муҳим арӯёбӣ кардааст.
Бино ба гузориши сойти “nato.int”, Андерс фоғ Расмуссен гуфтааст: “Мо аз мусоъидати Тоҷикистон барои истифодаи ҳарими фазои худ аз сӯйи нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон (ISAF) ва истифода аз фурудгоҳи Душанбе қадрдонӣ мекунем.”
Президент Раҳмон низ дар ин дидор ҳамкориҳо дар чорчӯби барномаи “Шарикӣ барои сулҳ”-ро ҳамчун як омили муассир дар таҳкими равобити Тоҷикистону НОТУ арзёбӣ кардааст.
Ба гуфтаи оқои Раҳмон, НОТУ дар чорчӯби ин барнома ба Тоҷикистон дар поксозии манотиқи ин кишвар аз мин, таҳкими амнияти марз, омодасозии кодрҳои низомӣ, мубориза бо террурисму қочоқи маводди мухаддир ва рафъи авоқиби ҳаводиси табиъӣ кумак кардааст.
Зимнан, Тоҷикистон дар соли 2002 ба барномаи “Шарикӣ барои сулҳ”-и Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ шомил шуда ва сипас, дар чорчӯби Барномаи Шарикии Инфиродии НОТУ ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин созмон дар заминаҳои мубориза алайҳи террурисм, омӯзиши низомӣ ва назорати демукротӣ бар нерӯҳои мусаллаҳ тавсеъа ёфтааст.
Оқои Расмуссен гуфтааст, пас аз хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар соли оянда низ ҳамкориҳои ин созмон бо Тоҷикистон идома ёфта ва НОТУ ба ин кишвар барои таҳкими марзҳояш бо Афғонистон муҳимот ва таҷҳизоти фаннӣ ироъа хоҳад кард.
Ӯ гуфтааст, НОТУ дар садад аст, дар чорчӯби Шӯрои НОТУ-Русия дар роҳи мубориза алайҳи маводди мухаддир барои кормандони ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ баргузор кунад.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бруксел бо Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷӣ ва масоили амниятӣ дидору гуфтугӯ кардааст.
Ба гуфтаи хонуми Эштон, масоили обу энержӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар меҳвари ин гуфтугӯҳо қарор доштааст.
Ӯ гуфтааст, ки Иттиҳодияи Урупо аз мушкилоти камбуди шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо огоҳ буда ва умедвор аст, дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ин мушкил марҳила ба марҳила ҳалл хоҳад шуд.
Зимнан, Тоҷикистон, ки ҳамасола дар фасли сармо ба камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад, бунёди нерӯгоҳи Роғунро, ки тавоноиаш 3600 меговотт хоҳад буд, аз роҳҳои аслии ҳалли мушкили камбуди барқ дар кишвар арзёбӣ кардааст.
Тарҳи бунёди нерӯгоҳи Роғуни Тоҷикистон бо мухолифати шадиди Ӯзбакистон рӯбарӯ шуда ва ба сардӣ гароидани равобити миёни ин ду кишвар мунҷар шудааст.
Ӯзбакистон иддаъо дорад, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун бо баландтарин садд дар ҷаҳон ба муҳити зисти минтақаи Осиёи Марказӣ асари номатлуб гузошта ва дар заминаи дастрасии сокинони митақа ба об маҳдудиятҳо эҷод хоҳад шуд. Аммо давлати Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хондааст.
