“Тоҷикистон кишвари калидӣ дар иҷрои тарҳҳо барои Афғонистон”

Раиси Кумисиюни Урупо гуфтааст, дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон дар иҷрои тарҳҳои Иттиҳодияи Урупо барои бозсозии Афғонистон кишвари калидӣ маҳсуб мешавад.
Жозе Маннуэл Баррозу, ки рӯзи чоршанбеи 10 апрел, дар шаҳри Бруксел бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард, гуфт, ҳамкориҳои Иттиҳодияи Урупо (ИУ) бо Тоҷикистон дар чорчӯби Истротежии ИУ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 густариш хоҳад ёфт.
Бино ба иттилоъи сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент Раҳмон ба навбаи худ аз раванди иҷрои барномаҳои Иттиҳодияи Урупо, назири БОМК/КАДАП, “Темпус” ва “Эразмус Мундус” ва пуштибонии молию фаннии ИУ ба Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ кардааст.
Ҷонибҳо ибрози умедворӣ кардаанд, ки дидори феълӣ ба тавсеъаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Урупо дар бахшҳои сиёсӣ, амният, иқтисоду тиҷорат, илм ва рушди ҷомеъаи маданӣ мусоидат хоҳад кард.
Президент Раҳмон аз Жозе Маннуэл Баррозу даъват кардааст, то “барои идомаи муколамаи созандаи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Урупо” аз Тоҷикистон дидан кунад.
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон зимни дидор бо Ҳерман ван Ромней, раиси Шӯрои Иттиҳодияи Урупо ин ниҳодро аз ҷумлаи 5 кишвар шарики тиҷоратии Тоҷикистон унвон кардааст.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар соли гузашта табодули коло миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Урупо болиғ ба 450 милюн дулор буда ва ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли гузашта (213 милюн юру) бештар будааст.
Дар ин дидор мавзӯъоти марбут ба демукротисозии ҷомеъа, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва таъмини интихоботи озоду шаффофи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ матраҳ шудааст.
Зимнан, солҳои қаблӣ Иттиҳодияи Урупо аз наҳваи баргузории интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон интиқод карда ва онҳо “ғайришаффоф ва ғайридемукротик” унвон карда буд.
Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни дидораш аз Белжик бо Андерс фоғ Расмуссен, Дабири кулли Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ(НОТУ) ва Кэтрин Эштон, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷӣ ва масоили амниятӣ низ дидор карда буд.
Дар ҷараёни ин дидорҳо масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон бо НОТУ дар заминаи таҳкими марз, мубориза бо террурисму маводди мухаддир, рафъи авоқиби ҳаводиси табиъӣ ва мавзӯъи обу энержӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
