Сафари Раҳмон ба Тойлонд
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо дидори расмӣ озими Тойлонд шуд.
Дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, ки рӯзи ҷумъаи 17 май Президент Раҳмон вориди шаҳри Банкок шуда ва мулоқоти ӯ бо Йинглак Шинаватра, нахуствазири ин кишвар оғоз ёфтааст.
Дар назар аст, дар ҷараёни ин дидор ба манзури тавсеъаи бештари ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Тойлонд асноди лозим барои таъсиси Кумисиюни муштараки байнидавлатӣ ва асноди ҷадид дар заминаи ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, текнулужӣ ва ҷаҳонгардӣ имзо шавад.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар Ҳамоиши дуюми об барои кишварҳои манотиқи Осиё ва Уқёнуси Ором ширкат хоҳад кард, ки дар он масоили марбут ба амнияти об ва таҳдидҳои ҳаводиси табиъӣ матраҳ хоҳанд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи августи соли 2005 ба Тойлонд сафари расмӣ анҷом дода буд.
