Талош барои ҷалби бештари сармояи Чин ба Тоҷикистон

  • 20 Май, 2013
Раҳмон
Image caption Президент Раҳмон ширкатҳои чиниро барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ташвиқ кардааст

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои Чинро барои сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвараш ташвиқ кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи якшанбеи 19 май, Президент Раҳмон зимни дидор бо Хуан Ҷянжун, раиси ширкати “Чайна глобал” ва Ван Хайтао, раиси Иттиҳодияи саноеъи кӯҳии Чин дар шаҳри Пекин мавзӯъи тавсеъаи ҳамкориҳо дар истироҷ ва коркарди маъодин дар ширкати муштараки “Зарнисор” ва маъодини дигари Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

Дар ин дидор таъкид шудааст, ширкати “Чайна глобал” тасмим гирифтааст, дар марҳилаи аввал барои рушди ширкати “Зарнисор” ба миқдори 250 милюн дулор сармоя ворид карда ва дар шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ) корхонаи бузурги фулизгудозӣ бунёд кунад.

Го Жэнсян, раиси бахши сармоягузорӣ ва рушди ширкати “Дунин” зимни дидор бо Президент Раҳмон гуфтааст, ин ширкат дар садад аст, дар солҳои оянда дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт бо тавоноии коркарди 1 милюну 200 ҳазор тун нафт дар як сол бунёд карда ва 500 тан аз атбоъи тоҷикро бо кор таъмин кунад.

Оқои Раҳмон аз масъулони ин ширкатҳо даъват кардааст, дар озмунҳои байналмилалӣ барои истихроҷ ва коркарди маъодини Тоҷикистон ширкат кунанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз Чэн Ҷин Хэ, раиси ширкати “Зиҷин”-ро барои бунёди корхонаи коркарди мис дар кишвараш ташвиқ кардааст.

Феълан ин ширкат барои тавсеъаи корхонаи муштараки истихроҷи тилои “Зарафшон” ба миқдори 210 милюн дулор сармоягузорӣ карда ва дар назар аст, дар соли 2015 мизони истихроҷи тило дар ин корхона то ба 5 тун афзоиш ёбад. Ҳоло дар ин ҷо солиёна 1 тун тило истихроҷ мешавад.

Тибқи тавофуқи сеҷониба миёни ширкати муштараки “Зарафшон”, Бонки рушди Чин ва ширкати саноеъи кӯҳии “Зиҷин”-и ин кишвар, ки рӯзи якшанбеи 19 май, дар шаҳри Пекин имзо шуд, Бонки рушди Чин барои тавсеъаи фаъолияти корхонаи “Зарафшон” ба ширкати “Зиҷин” ба миқдори 140 милюн дулор воми дарозмуддат тахсис хоҳад дод.

Зимнан, Чин аз бузургтарин кишварҳои вомдиҳанда ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад. То ҳол Тоҷикистон аз ин кишвар ба миқдори 900 милюн дулор вом дарёфт кардааст, ки 40 дарсади бидеҳиҳои хориҷи ин кишварро ташкил медиҳад. Ин бидеҳиҳо дар бахшҳои роҳсозӣ, кишоварзӣ ва энержӣ истифода шудаанд.

Ба эътиқоди коршиносон, феълан Чин дар бозори Тоҷикистон пештоз буда ва Русия, ки аз рақибони он дар ин бозор маҳсуб мешавад, танҳо ба миқдори 240 милюн дулор ба иқтисоди Тоҷикитсон сармоя ворид кардааст.

Дар назар аст, имрӯз 20 май, дар шаҳри Пекин дидори Президент Раҳмон бо мақомоти Чин баргузор шуда ва чанд санади ҳамкорӣ имзо шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз дидори расмӣ аз Тойланд ва ширкат дар Ҳамоиши дуюми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таҳти унвони “Амнияти марбут ба об ва таҳдидҳои ҳаводиси табиъӣ” вориди Чин шудааст.

Оқои Раҳмон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш аз 5 мушкили марбут ба оби Осиёи Марказӣ ёдовар шудааст, ки дар роҳи тасеъаи ҳамкориҳои минтақавӣ монеъ эҷод кардаанд.

Ӯ тақсими нобаробари манобеъи об, дурнамои кам шудани захоири об бар асари тағйири иқлим, афзоиши масрафи об дар пайи зиёд шудани ҷамъияти минтақа ва рушди иқтисодро аз ҷумлаи чунин мушкилот унвон кардааст, ки бояд аз роҳҳои музокироти созанда миёни кишварҳои минтақа ҳалл шаванд.

Ҳамзамон, оқои Раҳмон гуфтааст: “Манфиатҳои кишварҳои болообу поёноб дар масъалаи истифодаи мавсимии захираҳои об на ҳама вақт бо ҳам мувофиқ меоянд ва боиси сар задани ихтилофоти муайян миёни онҳо мегарданд”.

Матолиби муртабит