Нигаронии Раҳмон аз истифодаи ғайримуассир аз интернет ва тақдими iPad ба ҷавонон

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши мизони ҷароим, худкушӣ, қочоқи маводди мухаддир ва қочоқи инсон миёни ҷавонон ибрози нигаронӣ кард.
Ӯ рӯзи панҷшанбеи 23 май, дар мулоқот бо ҷавонони кишвар дар Кохи Борбади Душанбе дар иртибот ба Рӯзи ҷавонон гуфт, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҷавонон муртакиби 1050 ҷароим, аз ҷумла, ҷароими сангине чун қатл шудаанд, дар 11 ҳодиса падару модарон аз ҷониби фарзандони ҷавони худ кушта шудаанд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури кишвар дар зарфи 5 соли ахир ронандагони ҷавон муҷиби 4480 садамаи утумубилӣ шуда ва бар асари онҳо 1184 нафар кушта ва беш аз 5 ҳазор нафар захмӣ шудаанд.
Раиси ҷумҳурӣ ба мавориди зиёди гаравидани ҷавонон ба равияю мазоҳиби бегона пардохта ва гуфт, ки ҳоло беш аз 1600 ҷавон аз мадориси исломӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба ватан бозгардонда шуда, аммо масъалаи шомил шудани ҷавонон ба ҷунбишҳои бунёдгаройӣ ва терруристӣ ва боздошту зиндонӣ шудани даҳҳо нафари онҳо мӯҷиби нигаронии ҷомеъа шудааст.
Ӯ аз саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиш, фурӯпошии хонаводаҳои ҷавон интиқод кард ва гуфт, ки дар соли гузашта 7600 мавриди талоқ сабт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2011 800 адад бештар буда.
Эмомалӣ Раҳмон илали ин вазъро ба кӯтоҳиҳо дар тарбияи ҷавонон марбут хонда ва гуфт, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 3100 нафар падару модар ба иттиҳоми риъоят накардани муфоди Қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” муҷозоти маъмурӣ шудаанд.
Президент Раҳмон бори дигар мавзӯъи “истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ” ва асари номатлуби он ба фаъолияти ҷисмонӣ, ақлонӣ, аъзои шунавоӣ ва зурриётро матраҳ карда ва таъкид дошт, маҳз ба ҳамин хотир дар Бритониё аз соли 2001 фурӯши телефонҳои мобайл ба кӯдакону шогирдони мадорис мамнӯъ шудааст.
Бо ин вуҷуд оқои Раҳмон дар ин мулоқоташ бо ҷавонон ба беш аз 2 ҳазор ҷавон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар иқдоме бесобиқа iPad ё роёнаҳои қобили ҳамл тақдим кард. Агар як iPad ба ҳисоби мутавассит ҳудуди 200 дулор қимат дорад, ин саховати раиси ҷумҳурӣ ҳудуди ним милюн дулори омрикоӣ харҷ доштааст.
Ҳарчанд раҳбари давлат дар суханрониаш гуфт, ки ҷавонон умдатан аз интернет ба хотири дарёфти иттилоъоти илмӣ ва муассир на, балки барои "пайдо кардани иттилоъоти ба ахлоқи ҷомеъа зарарнок истифода мебаранд".
Ӯ гуфт, ки теъдоди муштариёни шабакаи Интернет аз 1,3 милюн нафар дар соли 2010 то 3 милюну 730 ҳазор нафар дар соли гузашта расидааст.
Мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки бо 23-юми май мусодиф аст баргузор шуд.
Коршиносон мегӯянд дар чунин мулоқотҳо, ки ҳарчанд ташрифотӣ ҳастанд, ҷавонон ва донишҷӯён ташвиқ мешаванд, то аз давлат ва сиёсати давлати феълӣ пуштибонӣ кунанд.
