Путин: “Русия шарики Тоҷикистон боқӣ мондааст”

Владимир Путин аз коҳиши мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли гузашта ибрози нигаронӣ кардааст.
Тибқи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар соли гузашта мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Русия 942 милюн дулорро ташкил додааст, ин рақам дар муқоиса бо як соли пеш панҷ дарсад (1,1 милёрд дулор) коҳишро нишон додааст.
Ин дар ҳолест, ки табодули коло миёни Чин ва Тоҷикистон дар соли гузашта 1 милёрду 650 милюн дулор будааст.
Бино ба иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, сешанбеи 28 май оқои Путин зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ хостори таҳлили илали ин вазъ ва ислоҳи он шудааст.
Ин дидор дар ҳошияи ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек анҷом шуд.
Ба гуфтаи оқои Путин, “Русия ҳамоно бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад.”
Дар дидори руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русия вазъи амнияти минтақа, аз ҷумла Афғонистон ва кумаки фаннии Русия ба нерӯҳои марзбон ва артиши Тоҷикистон матраҳ шудааст.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба тавсеъаи ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар дар бахшҳои энержӣ, саноеъ, илму омӯзиш ва фарҳанг таъкид кардаанд.
Ҳамчунин доир ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноъат, илму техника, маъориф, фарҳанг ва атрофи густариши робитаҳо миёни минтақаҳои ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ба эътиқоди Шокир Ҳакимов, коршиноси масоили сиёсӣ, коҳиши мизони ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз ихтилофи назарҳо миёни ин ду кишвар дар масоили лағви боҷи гумрукӣ барои маводди сӯхти воридотӣ ба Тоҷикистон ва шарту шароит барои ҳузури низомиёни рус дар ин кишвар маншаъ мегирад.
Ба назар мерасад, ки порлумони Тоҷикистон барои тасвиби мувофиқатномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар барои 49 солро, ки дар моҳи октябри соли гузашта дар ҷараёни дидори Владимир Путин аз Тоҷикистон имзо шуда буд, шитоб надоштааст.
Ин дар ҳолест, ки Думои Русия моҳи гузашта ин мувофиқатномаро тасвиб кард.
Шокирҷон Ҳакимов далели ин аммро иҷро нашудани ваъдаҳои Русия дар заминаи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон марбут мехонад. Ӯ мегӯяд, аз 1 милёрду 200 милюн дулори кумаки фаннии Русия, ки дар аволии соли ҷорӣ барои артишҳои Қирғизистону Тоҷикистон тахсис шуда буд, саҳми Тоҷикистон танҳо 300 милюн дулорро ташкил додааст, ки андак ба назар мерасад.
Оқои Ҳакимов гуфт: "Таваҷҷӯҳи Русия умдатан ба ҳамкориҳои низомию сиёсӣ мутамаркиз шуда, ба иқтисоди Тоҷикистон сармояи қобили мулоҳиза ворид накардааст. Дар ҳоле ки Чин бо сармоягузории ҳангуфт ба тарҳҳои иқтисоди Тоҷикистон ба шарики истротежики ин кишвар мубаддал шуд."
Коршиносон мегӯянд, Русия талош мекунад Тоҷикистонро таҳти назорат дошта бошад, аммо бидуни ҳамкории густардаи иқтисодӣ бо ин кишвар ва сармоягузорӣ иҷрои ин амр душвор хоҳад буд.
Бино ба гузориши расонаҳои қирғизӣ Эмомалӣ Раҳмон ба дунболи дидораш бо оқои Путин итминон додааст, ки мувофиқатномаҳое, ки дар моҳи октябри гузашта миёни Душанбе ва маскав имзо шудаанд, тасвиб ба иҷро хоҳанд даромад.
Ахиран давлати Тоҷикистон аз расонаҳои Русия, аз ҷумла телевизиюни давлатии ин кишвар шикоят карда, ки "бо лаҳни таҳқиру тавҳиномез дар мавриди давлати Тоҷикистон, раиси ҷумҳурӣ ва муҳоҷирони тоҷик" барномаҳо пахш кардаанд.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки дар ҷараёни дидори феълии руасои ҷумҳурии Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек ин ихтилофи назарҳо рафъ хоҳад шуд.
