Натоиҷи аудити пойгоҳи низомӣ ба Раҳмон ироъа шуд

  • 16 Апрел, 2013

Сергей Степашин, раиси ожонси мубориза бо фасоди Русия ва Фаттоҳ Саидов ҳамтои тоҷики ӯ аз натоиҷи аудити пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар гузориш доданд.

Сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз аз ироаи ин хабар дар бораи ҷузъиёти ин аудити пойгоҳи низомии Русия иттилоъ надодааст.

Ин сойт хабар додааст, ки Сергей Степашин дар мулоқоти рӯзи сешанбеи 16-уми апрел бо Эмомалӣ Раҳмон "аз шароити барои пойгоҳи низомии Русия муҳайёгардида изҳори хушнудӣ карда, барои он ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос кард."

Гуфта шудааст, ки дар ин мулоқот ҷонибҳо мавзӯъоти "густариши ҳамгироии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Русия дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллии иқтисодию коррупсионӣ, пешгирӣ аз маблағгузории терроризму ифротгароӣ ва авзоъи Афғонистон"-ро ба баррасӣ гирифтанд.