Тағйирот дар сутуҳи поинтари бахши амниятиву интизомӣ дар Тоҷикистон

  • 15 Июн, 2013

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз “мувофиқа бо Президенти” ин кишвар дар вилояти Хатлон фармондеҳи ҷадиди нерӯҳои марзбониро таъйин кардааст.

Дар ин бора сойти расмии Президенти Тоҷикистон бидуни эъломи исми фармондеҳи ҷадиди бахши нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти милии кишвар дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст.

Ин вебсойти расмӣ ҳамчунин бидуни эъломи ассомӣ, аз тағйир ёфтани руасои бахшҳои Вазорати кишвар дар навоҳии Ишкошим, Мурғоб ва Нуробод хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин вебсойт ҳамзамон Маҳмадқул Каримов, раиси Донишгоҳи давлатии Данғара, Саидамир Ҷононов, раиси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Ҷамшед Ғаниев, раиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Ғоиб Давлатов, раиси “Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди деҳот” таъин шудаанд.

Тибқи иттилоъи вебсойти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15-уми июн бо руасои ҷадиди муассиса ва ниҳодҳои мавриди назар мулоқот дошта ва онҳоро “ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд”.