Кӯтоҳиҳои бархе мақомот дар иҷрои қонуни танзим

Президент Раҳмон аз бархе аз мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва масъулони ниҳодҳои мазҳабии Тоҷикистон барои риоят накардани Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” интиқод кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, баъд аз зӯҳри панҷшанбеи 30 май, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи давлати ин кишвар аз масъулони ниҳодҳои зирабт хостааст, то барои ҷилавгирӣ аз ин гуна маворид ва муҷозоти афроди муҷрим иқдом кунанд.
Ин дар ҳолест, дар як навори видеюӣ дар шабакаи телевизиюни “К+” ва шабакаҳои иҷтимоъии Интернет дар ду ҳафтаи ахир аз маросими бузургу гаронбаҳои арӯсии Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақзи муфоди Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” интиқод шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, зимни ироъаи гузориш дар бораи раванди иҷрои Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ба ҷанбаҳои мусбии ин қонун ба ҷомеъи Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст, ба далели коҳиши махориҷи маросимҳо мавориди арӯсии ҷавонон ду баробар бештар шудааст.
Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Холиқов дар 6 соли ахир аз тариқи сарфаҷӯйӣ шудани сармоя дар баргузории маросиму анъанот пасандозҳои сокинони Тоҷикистон дар бонкҳо 20 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ҷаласаи давлати Тоҷикистон дар мавриди тахсиси 195 ҳектур замин дар шаҳри Исфара барои бунёди манозили маскунӣ, мактаб ва варзишгоҳҳо тасмим иттихоз шудааст.
Президент Раҳмон дастур додааст, ба манзури таҳкими роҳҳои утумубилрави кишвар дар ду ҷониби роҳ боғу дарахтзор бунёд шавад.
Ҳамчунин, дар ин нишаст пешнависи Қонуни “Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона” баррасӣ ва барои тасвиб ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ирсол шудааст.
