Тоҷикистон ба ҷалби сармояҳои Кувайт алоқаманд аст

Дар ҷараёни дидори Президент Раҳмон аз Кувайт миёни ин ду кишвар 6 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои ҷаҳонгардӣ, фарҳангу ҳунар, беҳдошт, ҷилавгирӣ аз молиёти дукарата ва лағви муқаррароти визо барои соҳибони шиносномаҳои диплумотику хидматӣ имзо шуд.
Ҳамчунин, рӯзи якшанбеи 23 июн, Ёддошти тафоҳум миёни давлати Тоҷикистон ва Сандуқи тавсеъаи Кувайт ва баёнияи муштараки сарони Тоҷикистону Кувайт дар заминаи дурнамои ҳамкориҳои ин ду кишвар ба имзо расиданд.
Қаблан миёни Тоҷикистону Кувайт дар мавриди ҷалби сармоя имзо шуда, аммо то ҳол ин кишвар дар заминаи сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон иқдоме накардааст.
Зимнан, рӯзҳои 23-24 майи соли ҷорӣ да шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Кумисиюни муштараки байнидавлатии Тоҷикистону Кувайт дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор шуда, дар ин ҳамоиш роҳҳои иҷрои тавофуқоти имзошуда ва ташхиси самтҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба матраҳ шуда буд.
Барои таҳкими бештари ҳамкориҳо пешниҳод шуд, то таҳти сарпарастии ниҳодҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва утоқҳои бозаргонӣ Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Кувайт таъсис шуда, ба таври мунтазам ҳамоишҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию санъатӣ баргузор гардад.
Эмомалӣ Раҳмон бо Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Кувайт дидор карда ва ба ӯ нишони Исмоъили Сомонӣ, нишони олии Тоҷикистон эҳдо кард. Амири Кувайт ба навбаи худ ба Президент Раҳмон нишони олии “Муборак ал-Кабир” дараҷаи аввали ин кишварро тақдим кард.
Амири Кувайт гуфтааст, дар Кунфаронси байналмилалии ҳамкорӣ дар бахши об, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Президент Раҳмон зимни дидор бо Ҷобир Муборак ал-Аҳмад ас-Сабоҳ, нахуствазир ва мақомоти дигари давлати Кувайт масоили тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузориро матраҳ кардааст.
Ба эътиқоди Шокир Ҳакимов, коршиноси тоҷик, ҳадафи аслии дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Кувайт, кишвари сарватманди Халиҷи Форс, ҷалби сармояи бештари ин кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Зеро ба гуфтаи оқои Ҳакимов, феълан ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дошта ва мизони табодули коло миёни ин ду кишвар низ дар соли гузашта танҳо 17 милюн дулорро ташкил додааст.
