Раҳмон ба дунболи 'касби ҳимояти Путин' дар Маскав аст

  • 31 Июл, 2013
Эмомалӣ Раҳмон
Image caption Мулоқоти оқои Раҳмон бо Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон мегӯянд Кремлин аз Эмомалӣ Раҳмон "рӯ гардондааст"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҳайъате аз мақомоти баландпояи ин кишвар ба Маскав рафт.

Нозирон мегӯянд, ки ӯ ба дунболи касби ҳимояти Владимир Путин, ҳамтои русаш, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябр баргузор хоҳад шуд.

Оқои Раҳмонро дар ин сафар Эркин Раҳматтуллоев, мушовири ӯ дар умури сиёсати хориҷӣ, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод, Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъ, ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳузури оқои Хайруллоев дар ин ҳайъат ба ихтилофи ду кишвар дар мавриди тамдиди ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистон барои 30 соли оянда муртабит аст.

Оқои Раҳмон дар ҷараёни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта мувофиқатномаеро бо Русия дар ин замина имзо кард. Аммо ин санад то кунун дар порлумони Тоҷикистон ба тасвиб нарасидааст - чизе, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, боъиси озурдагии оқои Путин аз ҳамтои тоҷикаш шудааст.

Русия мехоҳад бидуни пардохти ҳеч қимате пойгоҳи худро барои се даҳаи дигар дар хоки Тоҷикистон мустақар кунад, аммо мақомоти тоҷик аз эҳтимоли бурузи норизоятиҳои густарда дар ин маврид нигаронанд. Русҳо ҳамчунин мехоҳанд нерӯҳои марзбонии худро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардонанд, аммо мақомоти тоҷик дар ин замина мураддад ҳастанд.

Аз сӯйи дигар, оқои Раҳмон моил нест аз Маскав бо дасти холӣ баргардад. Ӯ мехоҳад дар изои тамдиди ҳузури ин пойгоҳ Русия ба тарҳҳои энержии Тоҷикистон миқдоре сармоя ворез кунад. Ҳеч баҳонаи дигаре барои сафари оқои Шералӣ бо раисҷумҳур ба Маскав вуҷуд надорад.

Зимнан, Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки дар бархе аз маҳофили сиёсии Русия вазире "ғарбгаро" хонда мешавад, ҷузви ин ҳайъат нест. Ба ҷойи ӯ муъовинаш Маҳмудҷон Собиров раиси ҷумҳурро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад.

Ин ҳайъат шомили Сайфулло Девонаев, раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ низ ҳаст. Беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ба сар мебаранд ва сармояе, ки онҳо ба Тоҷикистон интиқол меҳиданд, иқтисоди ин кишварро мечархонад.

Бо ин ҳама, муҳиммтарин ҳадафе, ки оқои Раҳмон дар ин сафар дунбол мекунад, ба эътиқоди таҳлилгарон, имкони касби ҳимояти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, аз номзадии ӯ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, дидори оқои Раҳмон бо Путин дар замони ҳассосе барои ӯ, яъне замони қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Оқои Муллоҷонов афзуд: “Барои Раҳмон муҳим аст, ки ҳимояти Путинро ба даст орад, зеро Русия ҳамаи фишангҳоро дорад, ки ба вазъияти дохилии Тоҷикистон таъсир гузорад. Бинобар ин фикр мекунам дар ҷараёни ин мулоқот масоили қаблан ҳалнашуда, бахусус тасвиб нашудани мувофиқатнома дар бораи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва шояд пойгоҳи “Айнӣ” ҳатман ҳалли худро пайдо кунанд, зеро ин барои президент Раҳмон ҳаётӣ аст.”

Қарор аст оқои Раҳмон бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ дидору гуфтугӯ кунад. Чанд рӯз қабл гузориш шуда буд, ки оқоён Путин ва Раҳмон гуфтугӯе телефунӣ анҷом дода ва масоили марбут ба ин сафарро баррасӣ кардаанд.

Дар хабари кӯтоҳе, ки сойти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора интишор дод, таъкид шуда буд, ки ин дидор бо даъвати оқои Путин сурат мегирад.

Дар ин хабар омада буд, ки пас аз гуфтугӯи телефунии раҳбарони ду кишвар дар бораи раванди иҷрои тавофуқоти бадастомада дар сафари соли гузаштаи оқои Путин ба Душанбе, раисҷумҳури Русия аз ҳамтои тоҷикаш хостааст, ки барои баррасии амиқтари ин мавзӯъ ба Маскав равад.

Аммо бархе аз расонаҳои Русия ба ҳангоми пӯшиши ин хабар дар мавриди даъвати оқои Путин аз Раҳмон ибрози тардид кардаанд.

Аз ҷумла нашрияи русии "Независимая газета" дар мақолааш дар ин бора ин суолро матраҳ карда, ки "Оё ин мулоқот дарвоқеъ бо даъвати Владимир Путин сурат мегирад, ё оқои Раҳмон билохира тавонист таваҷҷуҳи оқои Путинро касб кунад?"

Ин дар ҳолест, ки ахиран бархе аз коршиносон гуфтаанд, ки қабл аз баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон "Кремлин аз Раҳмон рӯ гардондааст."

Аммо Юрий Крупнов, раиси Ҳаракати иҷтимоъӣ ва раиси Шӯрои нозирони Пажӯҳишгоҳи нуфус ва муҳоҷирати Русия ва муаллифи китоби "Бунгоҳи тавсеъаи Осиёи Миёна" дар суҳбат бо хабарнигорон ин назарро, ки гӯё Эмомалӣ Раҳмон дигар аз ҳимояти Маскав бархурдор нест, бепоя хонда буд.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки оқои Раҳмон дар остонаи интихоботи навбатӣ бо чолишҳои ҷиддие рӯбарӯст ва ба кумаки "шарикони истротежики" худ ниёз дорад.

Ба гуфтаи онҳо, мушкилоти иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ афзудааст, равобит бо Узбакистон беш аз пеш сард шуда ва мусаллам аст, ки зимистони ояндаро Тоҷикистон наметавонад бидуни кумакҳои хориҷӣ сипарӣ кунад. Душанбе умедвор аст Маскав ба ҳалли ин масоил кумак кунад.

Афзун бар ин, ҳафтаи гузашта аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар бораи таъсиси ташаккуле тоза барои дастёбӣ ба таҳаввулоти демукротик дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар доданд.

Ин ташаккули сиёсии ҷадид мехоҳад бо иҷрои барномае ислоҳталабона дар заминаи коҳиши қудрати раисҷумҳур ва эҷоди низоми порлумонӣ ба "мардумсолории воқеъӣ" даст ёбад.

Мулоқоти руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия, ки худро солҳо пеш шарики истротежик мехонданд, як рӯз пас аз дидору гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо Луйд Ҷеймз Остин, фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши Омрико дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар дидори оқои Раҳмон бо женерол Остин, ин мақоми баландрутбаи низомии Омрико ба оқои Раҳмон ваъдаи идомаи кумакҳои фаннию молии кишвараш ба Тоҷикистон пас аз хурӯҷи нерӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон дар соли 2014-ро кардааст.

Матолиби муртабит