Таъсиси ташаккуле тоза барои ислоҳоти демукротик дар Тоҷикистон

Аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон ташаккуле тоза барои дастёбӣ ба таҳаввулоти демукротик дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар таъсис доданд.
Ин ташаккули сиёсии ҷадид мехоҳад бо иҷрои барномае ислоҳталабона дар заминаи коҳиши қудрати раисҷумҳур ва эҷоди низоми порлумонӣ ба "мардумсолории воқеъӣ" даст ёбад.
Ширкаткунандагони севумин ҷаласаи мушовараи аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеъаи маданӣ, ки рӯзи шанбеи 27 июл дар дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ доир шуд, номи "Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон"-ро барои ин ташаккули тозатаъсис интихоб карданд.
Намояндагони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф, аз ҷумла наҳзати исломӣ, сусиёл-демукрот, демукрот ва сусиёлист аз мубтакирон ва аз аъзои ин ташаккули тозатаъсис ҳастанд, ки мегӯянд дастёбӣ ба тағйир дар Тоҷикистонро аз аҳдофи умдаи худ қарор додаанд.
Мубтакирони ин ташаккули сиёсӣ ҳамчунин як гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва як маркази таҳлилу иттилоърасонӣ барои ин эътилофи тозаи мухолифон таъсис доданд. Пешнависи барномае барои анҷоми ислоҳоти густарда дар Тоҷикистон ҳам дар ин ҷаласа баррасӣ шуд.
Коҳиши қудрати раисҷумҳур
Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдон ва раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, ки пешнависи ин барномаро муъаррифӣ мекард, гуфт, ки яке аз нукоти муҳимми ин санад тағйири низоми ҳуқуқию сиёсӣ, бавижа коҳиши ихтиёроти раиси ҷумҳурӣ ва рафъи истибдод дар Тоҷикистон аст.
Вай гуфт: "Раиси ҷумҳурии кунунии Тоҷикистон салоҳияти (ихтиёроти) мутлақе дорад. Салоҳияти ӯ бояд байни сарвари давлат, раиси ҳукумати иҷроия, яъне нахуствазир, ва порлумон тақсим карда шавад. Мо хоҳони он ҳастем, ки раҳбари давлат ва сарвари ҳукумати иҷроия ду мақоми алоҳида бошанд ва қисме аз ихтиёроти раисҷумҳур ба порлумон дода шавад."
Оқои Зойиров гуфт мушкили дигаре, ки дар системи сиёсии Тоҷикистон вуҷуд дорад, тӯли давраи раёсати ҷумҳурӣ аст. Ӯ ҳушдор дод, ки раисҷумҳури кунунӣ 21 сол аст, ки дар сари қудрат аст ва идомаи ин раванд Тоҷикистонро ба як низоми подшоҳӣ табдил хоҳад дод.
Вай гуфт: "Барои эҷоди мардумсолориии воқеъӣ дар Тоҷикистон мо бояд дар низоми сиёсӣ тағйироте ба вуҷуд оварем, ки раисҷумҳур набояд беш аз ду бор (на пайдарпай) ва ҳар даврае на беш аз чаҳор сол раёсат кунад. Ин яке аз бахшҳои умдаи барномаи мост."
Оқои Зойиров ҳамчунин гуфт, ки бар асоси барномае, ки Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳталаб дар назар гирифта, пас аз эҷоди системи порлумонӣ нахуствазир бояд аз ҳизбе интихоб шавад, ки бештари курсиҳоро дар порлумон ба худ ихтисос хоҳад дод.
Зимнан, тӯли давраи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамакнун ҳафтсола аст. Бар асоси қонун, ҳар фарде метавонад барои ду давраи ҳафтсола дар ин кишвар раиси ҷумҳур интихоб шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълии Тоҷикистон, 21 сол боз зимоми умурро дар даст дорад. Дар моҳи ноябр як давраи ҳафтсола аз раёсати ӯ поён меёбад, аммо имкон дорад, ки вай барои ҳафт соли оянда ҳам курсии раёсаташро ҳифз кунад.
Ин ки мумкин аст оқои Раҳмон монанди бархе дигар аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ба як раҳбари модомулъумр дар Тоҷикистон табдил шавад ва ё яке аз фарзандонашро ҷонишини худ кунад, бисёре аз мухолифони ӯро нигарон сохтааст.
"Раисҷумҳури давраи гузор"
Талошҳои аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф дар гузашта барои ислоҳи системи сиёсӣ дар Тоҷикистон натиҷае дар пай надоштааст. Аз ҷумла порлумон ва давлати Тоҷикистон борҳо пешниҳоди аҳзоби мухолиф барои ислоҳи қонуни интихоботи раёсати ҷумҳуриро рад кардаанд.
Акнун ин суол матраҳ аст, ки ташаккули ҷадид чи гуна метавонад ба ислоҳоти мавриди назараш дар системи давлатдории Тоҷикистон даст ёбад? Оқои Зойиров мегӯяд, ки иҷрои ин барнома бидуни ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон ғайримумкин аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе аз фаъъолони ин ташаккули тозатаъсис мегӯянд, ки аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолиф бояд номзаде муштарак ба интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр пешниҳод кунанд. Ва ин номзади эҳтимолӣ, дар сурати пирӯзӣ, бояд танҳо "раисҷумҳуре барои як давраи гузор" бошад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: "Раисҷумҳури оянда бояд барои як давраи гузариш интихоб шавад. Агарчи қонуни асосӣ салоҳияти раёсати ҳафтсоларо медиҳад, вале бояд ин номзад ба ҷомеъа ва нерӯҳои ислоҳталаб таъаҳҳуд бидиҳад, ки дар як давраи чаҳорсола барномаи муштараки моро иҷро мекунад ва шароитро барои интихоботи демукротики дигари президентӣ омода месозад."
Нуктаи дигаре, ки оқои Кабирӣ ба он таъкид кард, ин аст, ки раисҷумҳури эҳтимолии оянда пас аз иҷрои барномаи чаҳорсолаи ислоҳоташ дигар ҳаққи номзад шудан дар интихоботи минбаъдаро нахоҳад дошт. Ва ин яке аз шартҳои калидӣ бояд бошад.
Вай афзуд: "Агар мо воқеъан ин нуктаро дар матни барномаамон зикр кунем ва таъаҳҳуд бигирем, ки раисҷумҳури оянда дигар номзад намешавад, ӯ талош мекунад шароити баробареро барои ҳама фароҳам кунад, вагарна бо он зеҳнияте, ки баъзе аз сиёсатмадорон доранд, вай боз ҳам талош мекунад, ки шароитро барои идомаи давраи раёсати худаш омода кунаду халос."
Таҳлилгарон мегӯянд, ки барномаи ислоҳотии ташаккули ҷадиди мухолифон "ормонгароёна" аст. Ин барнома дар гарави пирӯзии номзади мухолифон дар интихоботи моҳи ноябр аст, аммо баъид ба назар мерасад, ки давлат бо имконоти идорӣ ва молие, ки дар ихтиёр дорад, иҷоза бидиҳад, ки номзади мухолифон дар интихоботи оянда пирӯз шавад.
