Назарот: 'Амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ иштибоҳи бузурге буд'

  • 24 Июл, 2013
Шаҳри Хоруғ
Image caption Ба ақидаи коршиносон, бояд кормандони давлатии муқассир дар роҳандозии амалиёти шаҳри Хоруғ муҷозот шаванд

Иддае аз коршиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон амалиёти низомии соли гузашта дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшонро, яке аз "иштибоҳоти бузурги сиёсии мақомоти давлатӣ" дар даврони истиқлол медонанд.

Ба ақидаи онҳо, ба ин хотир бояд кормандони давлатии муқассир дар роҳандозии ин амалиёт муҷозот шаванд. Аммо иддае аз мақомҳои интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадафи давлат аз анҷоми амалиёт дар Хоруғ боздошти афроди ҷинояткор буд ва давлат ба ин ҳадаф расидааст.

Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, дар ҷараёни ин амалиёт 21 нафар аз афроди мусаллаҳи ба гуфтаи давлат ҷинояткор кушта шудаанд.

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ:

Image caption "Мо ҳаминро мегӯем, ки дар амалиёти Бадахшон зидди ҷинояткории муташаккил мубориза мебурдем"

"Расонаҳо ҳар гуна ахборро пахш мекарданд, лекин мо ҳаминро мегӯем, ки дар амалиёти Бадахшон зидди ҷинояткории муташаккил мубориза мебурдем. Гурӯҳи муташаккил бо истифода аз аслиҳа муқовимат нишон доданд, ҳама шоҳиди он будед. Амалиёт бар зидди ин гурӯҳҳо буд ва ҳама гурӯҳҳо несту нобуд шуданд.

Мутаассифона, якчанд сокини эҳтимолан бегуноҳ ҳалок (кушта) шуданд, барои ин омил таҳқиқоти ҷудогона идома дорад. Дигар мо ягон гурӯҳ ва ягон мардуми бегуноҳро таъқиб накардаем.

Натиҷаи ҳамин амалиёт буд, ки чанд нафар боздошт ва зиндонӣ шуданд ва фақат дар Бадахшон дар замони гузарондани амалиёт беш аз як ҳазор адад силоҳ мусодира шуд.

Он ҷо дигар ягон масъалае вуҷуд надорад. Ҳоло мардуми Бадахшон шукри амониро мекунад ва ташаккур мегӯянд, ки мо ин гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро дастгир ва нобуд кардем."

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон:

"Шароити истифода аз артиш, ниҳодҳои интизомӣ ва силоҳ дар қонун муъайян карда шудааст. Ва умуман, ман фикр намекунам, ки дар Бадахшон вазъият то ба он ҷо расида буд, ки шумори зиёде аз низомиён ва кормандони интизомиро ба он ҷо бояд интиқол медоданд.

Image caption "Истифода аз аслиҳаи зиёд ба ҳангоми боздошти чанд нафар аз афроде, ки давлат онҳоро ҷинояткор эълом кардааст, мумкин нест"

Амалиёти низомӣ дар Хоруғ иштибоҳи бузурги давлати Тоҷикистон дар даврони истиқлол буд. Истифода аз аслиҳаи зиёд ба ҳангоми боздошти чанд нафар аз афроде, ки давлат онҳоро ҷинояткор эълом кардааст, мумкин нест. Зеро ин амал метавонист мунҷар ба кушта шудани садҳо нафар шавад.

Ва, мутаассифона, амалиёти низомии давлат дар Бадахшон хисороти ҷонӣ ҳам дар пай дошт ва ба эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ латмаи ҷиддие ворид кард. Ба ақидаи ман, дар оянда мақомоти давлатӣ набояд аз чунин шеваи мубориза бо ҷароим истифода кунанд.

Бибинед, ки ҳамасола дар Тоҷикистон чандин нафар рутбаи женеролӣ мегиранд. Ва ҳар нафаре, ки дар роҳандозии амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ даст дошт, бояд ифшо ва муҷозот шавад, то дубора дар ин кишвар ин ҳодиса такрор нашавад.

Агар як нафар дар ҷараёни амалиёте кушта шавад, ин ҳам фоҷеъа аст. Аз ин рӯ, ба ақидаи ман Президент Раҳмон бояд дар ҷараёни сафараш ба Бадахшон воқеъиятро аз мардум пурсон шуда ва афроди муқассир дар ин ҳодисаро эълом ва муҷозот мекард."

Амир Қароқулов, раҳбари Ҳизби Кишоварзӣ:

"Ман танҳо ҳаминро мегӯям, ки давлат ҳаққи мудохила дар ҳар гуна корро дар қаламрави Тоҷикистон дорад ва ба фикри ман дар ин маврид (амалиёти Бадахшон) дуруст дахолат кард.

Ман нагуфтаам, ки давлат бояд қатли ом кунад, кушад ва ё торумор кунад, аммо бояд ҳукумат дахолат кунад, бояд низоъро ҳал кунад, бояд ҳукумат соҳиби давлат ва халқаш бошад."

Ҳикматулло Сайфуллозода, аз фаъолони ҲНИТ:

"Амалиёте, ки дар шаҳри Хоруғ анҷом шуд, хилофи ҳама гуна меъёрҳои инсонӣ ва ҳуқуқӣ буд. Ва чун таҳлилгар метавонам бигӯям, ки ин амалиёт идомаи амалиёте буд, ки давлат қаблан дар водии Рашт ва Тавилдара анҷом дод. Яъне идомаи амалиёт бо ҳамон хостаҳо ва ҳадафҳои кӯчаке, ки доираҳои манфиъатхоҳ дар ҳукумат доштанд, пиёда шуд.

Image caption "Ман гумон намекунам, ки дар ин интихобот номзади давлат тавонад дар миёни сокинони Бадахшон ҷонибдороне пайдо кунад"

Аммо ин коре ки дар Хоруғ анҷом шуд, намешавад гуфт, ки куллан дар ҳамон сатҳ ва бо истифода аз он имконоте, ки дар қисмати шарқи кишвар сурат гирифт, анҷом ёфт. Ин ҷо фарқ дошт, метавон бо як калима гуфт, ки амалиёт ниҳоят густарда буд ва ин амалиёт бо истифода аз тамоми нерӯҳои қудратӣ ва низомии кишвар сурат гирифт.

Қатли Абдулло Назаров, раиси бахши амнияти вилояти Бадахшон, баҳонае барои оғози ин амалиёт буд. Ҳарчанд иддаеро ба додгоҳ кашиданду муҷозот карданд. Аммо ин ҷо сирре пинҳон аст ва доираҳои манфиъатдор намехоҳанд онро ошкор кунанд ва то ҳол ин сир махфӣ аст.

Ҳамчунин, имкони ворид шудани нерӯҳое аз хориҷ ба қаламрави Бадахшон низ баҳонае буд ва яке аз ҳадафҳои аслии давлат аз анҷоми амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ саркӯбии намояндагони мухолифони пешин буд.

Ин афрод то ҷое аз сиёсати кунунии давлат ҷонибдорӣ намекарданд. Ва ин амалиёт ба хотири саркӯб ва ҳатто комилан аз миён бурдани онҳо анҷом ёфт, вале мутаассифона афроди мулкӣ кушта шуданд ва амалиёт хисороти зиёди молиро ба бор овард.

Давлат низ дар Бадахшон мушкили дигареро барои худ пайдо кард. Имсол, ки соли баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст ва ман гумон намекунам, ки дар ин интихобот номзади давлат тавонад дар миёни сокинони Бадахшон ва бавижа дар шаҳри Хоруғ ҷонибдороне пайдо кунад."

Матолиби муртабит