Дуъои дастаҷамъӣ барои қурбониёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ

  • 24 Июл, 2013
Дуъогӯёни шаҳри Хоруғ
Image caption Сокинони шаҳри Хоруғ дар се гӯристони ин шаҳр, ки қурбониёни амалиёти низомӣ дар онҳо ба хок супурда шудаанд, дуъо хондаанд

Сокинони шаҳри Хоруғ аз соъати чаҳори субҳ ба вақти маҳаллӣ барои гиромидошти қурбониёни амалиёти низомии соли гузашта ба гӯристонҳои ин шаҳр рафта ва барои қурбониёни ин амалиёт дуъо хондаанд.

Ба гуфтаи як сокини ин шаҳр, издиҳоми зиёде аз сокинони Хоруғ субҳи зуд дар қабристонҳо ба назар мерасид ва дуъохонӣ дар сари гӯрҳои қурбониёни амалиёти низомӣ ҳамчунон мушоҳида мешавад.

Хурсанд Мамадшоев, як сокини шаҳри Хоруғ, рӯзи чаҳоршанбеи 24 июл дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Ростӣ, мо шумори сокинони шаҳрро, ки барои зиёрати шаҳидони амалиёти порсол дар гӯристон таҷаммӯъ карда буданд, ҳисоб накардем, аммо ба назар мерасид, ки садҳо нафар аз сокинони ин шаҳр ва меҳмонон барои зиёрати афроде, ки дар ҳамлаи низомиён ба мардуми шаҳр дар 24 июли соли 2012 кушта шуданд, ба хешовандони онҳо мепайвастанд."

Оқои Мамадшоев мегӯяд, ки маросими ёдбуди қурбониёни амалиёти низомии соли гузашта дар Хоруғ бо додани оши ифтор баъд аз зӯҳри имрӯз ба поён хоҳад расид.

Гуфта мешавад, ки сокинони шаҳри Хоруғ дар се гӯристони ин шаҳр, ки қурбониёни амалиёти низомӣ дар онҳо ба хок супурда шудаанд, дуъо хондаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае дигар аз сокинони ин шаҳр, шуморе аз ронандагони васоили мусофирбари шахсӣ имрӯз тасмим гирифтаанд, ки ба хотири осон намудани рафту омади афроди зиёраткунанда, бавижа дар ҷоддаи марказии шаҳр то маҳаллаи мавсум ба УПД мусофиронро ба таври ройгон интиқол диҳанд.

Маросими ёдбуди қурбониёни амалиёти Хоруғ тавассути бархе аз гурӯҳҳои мухолифи давлат, бавижа ҷунбиши "Ватандор" ба раҳбарии Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолиф ва мунтақиди Президент Раҳмон, нахуст дар шабакаи Фейсбук эълом шуд.

Оқои Атовуллоҳ дар паёме ба ин муносибат дар сафҳаи Фейсбуки худ аз ҷумла навиштааст: "Ҳамагон ёд дорем, ки як сол пеш дар рӯзи 24 июл, давлати Эмомалӣ Раҳмонов ба шаҳри Хоруғ, ба сари мардуми Бадахшон, лашкар кашид. Ин лашкаркашӣ, ки боиси рехта шудани хуни чандин нафари бегуноҳ ва захмӣ гардидани садҳо нафар шудааст, ҳеч тавҷеҳе надошт."

Вай давлати Тоҷикистонро ба лашкаркашӣ алайҳи мардуми бегуноҳ муттаҳам кардааст: "Барои боздошти чаҳор шахси гуё муттаҳам ба ҷиноят, давлат ба ҳеч ваҷҳ ҳақ надошт, ки артишро вориди Бадахшон кунад, вале ин иштибоҳи нобахшуданиро кард."

Рӯзи гузашта дар шабакаи Фейсбук саҳифаи вежае барои ёдбуди қурбониёни ин ҳодиса роҳандозӣ шуд ва дар он аз мардум даъват мешуд, ки барои қурбониёни амалиёти 24 июл дар Хоруғ дуъо кунанд.

Гурӯҳҳои мухолиф дар ин шабака ҳамчунин аз мардум хоста буданд, ки ба ёди қурбониёни ин амалиёт дар рӯзи 24 июл корзори "Наворҳои сиёҳ"-ро доир карда ва наворҳои сиёҳеро бар синаи худ гузоранд ва барои қурбониён шамъ рӯшан кунанд.

Аз сӯйи дигар, Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, рӯзи сешанбе бо интишори паёме амалиёти соли гузаштаи нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшонро, "як амали аз қабл тарроҳишудаи терурисми давлатӣ" хонд.

Оқои Зойиров дар ин паём аз Президент Раҳмон тақозо карда, ки амалиёти шаҳри Хоруғро ба унвони "терурисми давлатӣ" эътироф кунад ва масъулони анҷоми ин амалиёт муҷозот шаванд.

Давлати Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч вокунише ба маросими ёдбуди қурбониёни амалиёти Хоруғ ва корзори "Навори сиёҳ" накардааст. Мақомҳои интизомӣ ва амниятӣ ҳамвора таъкид кардаанд, ки амалиёти низомӣ дар Хоруғ барои поксозии ин шаҳр аз афроди ба гуфтаи онҳо ҷинояткор сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомот, дар ин амалиёти якрӯза 23 нафар, ки танҳо ду тан аз онҳо ғайринизомӣ буданд, кушта шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ дар моҳи июли соли гузашта 21 нафар аз ҷангҷӯён ба қатл расидаанд. Аммо бисёре аз хешовандони афроди кушташуда ин иддаъоро рад мекунанд ва давлатро ба қатли пайвандонашон муттаҳам мекунанд.

Амалиёти Хоруғ соъати чаҳори субҳи рӯзи 24 июли соли 2012 оғоз шуд. Дар рӯзи ин амалиёт ҳама гуна иртибот бо Бадахшон қатъ шуд. Мақомот гуфтанд, ки ин амалиёт ба манзури боздошт ва муҷозоти афроди мазнун дар қатли женерол Абдулло Назаров сурат гирифтааст.

Женерол Назаров, ки он замон раёсати бахши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшонро ба уҳда дошт, рӯзи 21 июли соли гузашта дар ҳаволии шаҳри Хоруғ мавриди лату кӯб қарор гирифт ва сипас дар бемористони ин шаҳр ҷон дод.

Дар амалиёти шаҳри Хоруғ, ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ, аз аслиҳаи сангин истифода кардаанд ва чандин нафар, аз ҷумла шумори номушаххасе аз низомиён ва ғайринизомиён, дар ин амалиёт кушта шудаанд.

Аммо тибқи иттилоъи масъулони давлатӣ шумори афроди низомии кушташуда дар ин амалиёт 18 нафар будааст.

Матолиби муртабит