Эъломи корзоре барои ёдбуди қурбониёни амалиёти Хоруғ

  • 20 Июл, 2013
Амалиёти Хоруғ
Image caption Амалиёти Хоруғ ба интиқодҳои густардае дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон доман зад

Дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук гурӯҳе аз фаъъолони мухолифи давлат корзореро барои ёдбуди қурбониёни ҳаводиси Хоруғ дар тобистони соли гузашта ба роҳ андохтаанд.

Ин афрод аз сокинон хостаанд рӯзи 24 июл, ки бо амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ дар тобистони соли гузашта мусодиф аст, ба ёди онҳое, ки дар ҷараёни ин амалиёт кушта шуданд, навор ё лентаи сиёҳеро бар сари сина овезанд ва бо ин амал ҳамбастагии худро бо хонаводаҳои қурбониён баён кунанд.

Мубтакирони ин корзор мегӯянд, ки ҳар касе дар ин рӯз ба онҳо мепайвандад, навори сиёҳе дар пеши бар хоҳад дошт ва онҳо дар маҳалли аслии ҳодисаҳо гулгузорӣ мекунанд.

Аз ҷумла гардонандагони гурӯҳи мавсум ба "Платформа" аксҳоеро аз ҳаводиси шаҳри Хоруғ бо тасвири шамъе рӯйи девори ин гурӯҳ гузоштаанд. Бархе аз корбарони Фейсбук ҳам тасвири навори сиёҳеро дар намояи сафаҳоти шахсии худ гузоштаанд.

Яке аз масъулони ин гурӯҳ навиштааст: "Метавонед ҳар порчаи сиёҳеро бигиреду ба шакли як навор бибуред ва дар синаҳои худ биёвезед. Бигзор, мақомот бубинанд, ки ҳама чиз дар ёди мо ҳаст."

Рӯзи 24 июни соли 2012 теъдоди зиёде аз нерӯҳои пулис, амниятӣ ва артиши Тоҷикистон амалиётеро дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, анҷом доданд.

Ин амр пас аз ҳодисаи кушта шудани женерол Абдулло Назаров, масъули Кумитаи амният дар Бадахшон, ки 21 июли соли гузашта дар наздикии шаҳри Хоруғ рух дод, сурат гирифт.

Паз аз ду рӯзи ин ҳодиса амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ барои боздошти афроди муттаҳам ба қатли женерол Назаров роҳандозӣ шуд, ки ҳам аз ҷониби низомиён ва ҳам аз ҷониби сокинони маҳаллӣ талафоти ҷонӣ бар ҷой гузошт.

Мақомот он замон эълом карда буданд, ки дар ин амалиёт 17 нерӯи давлатӣ ва 30 фарди мухолиф кушта, 40 нафар захмӣ ва 40 нафари дигар боздошт шудаанд.

Додситонии Тоҷикистон афроди наздик ба Толиб Айёмбеков, афсари марзбон ва аз фармондеҳони шибҳинизомиёни мухолифи давлат дар замони ҷанги дохилӣ, Ёдгор Маҳмадасламов, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаровро ба қатли Абдулло Назаров муттаҳам кард.

Яке аз ин афрод, Имомназар Имомназаров, пас аз як моҳи амалиёт дар Хоруғ дар шароити машкук дар асари як инфиҷор дар хонааш кушта шуд. Вале се тани дигар то кунун боздошт нашудаанд, ҳарчанд додситонӣ онҳоро ба иртикоби ҷароими мутаъаддиде муттаҳам карда буд.

Рӯзи ҷумъа Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар нишасте матбӯъотӣ изъон кард, ки мақомот далоили кофӣ алайҳи ин афрод дар ихтиёр надоранд.

Вай дар посух ба суоли яке аз хабарнигорон дар бораи ин ки чаро ин афрод то кунун боздошт нашудаанд, гуфт, ки "агар шумо далоиле доред, дар ихтиёри мо гузоред."

Амалиёти якрӯзаи нофарҷоми нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғ ба интиқодҳои густардае дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон доман зад ва аз ҷумла бисёре аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ва диплумотҳои хориҷӣ анҷоми ин амалиётро маҳкум карданд.

Матолиби муртабит