Зойиров амалиёти Хоруғ дар соли гузаштаро "терури давлатӣ" хонд

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон бо интишори паёме амалиёти соли гузаштаи нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшонро, "як амали аз қабл тарроҳишудаи терурисми давлатӣ" хондааст.
Раҳматилло Зойиров ин паёми худро, ки рӯзи сешанбеи 23 июл дар саҳифаи "Facebook"-и хеш мунташир кард, унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони порлумони ин кишвар ироа кардааст.
Оқои Зойиров ин пайёмро дар робита бо солгарди амалиёти давлат дар шаҳри Хоруғ, ки мусодиф бо 24 июл аст, мунташир кардааст.
Дар ин паём оқои Зоиров мегӯяд: "Фардо аз амалиёти фоҷеъабори шаҳри Хоруғ ёд мекунем. Аз ин амалиёт дар ин муддат арзёбиҳои зиёде сурат гирифта ва замоне фаро расидааст, ки мо бояд аз ин ҳодисот арзёбии воқеъӣ кунем. Ва ман таъкид мекунам, ки он чи ки дар шаҳри Хоруғ дар 24 июли соли гузашта рух дод, онро наметавон ҷуз амали аз пеш тарҳрезишудаи терурсми давлатӣ хонд."
Оқои Зойиров дар идома бо ёдоварӣ аз амалиётҳои мушобеҳи нерӯҳои давлатӣ дар водии Рашт, ноҳияи Исфара ва Кӯлоб, мегӯяд, ки дар солҳои ахир давлати Тоҷикистон таҳти шиъори "мубориза бо терурисм" худаш даст ба терури мардум мезанад.
Оқои Зойиров дар истинод ба мавозини байналмилалӣ, аз ҷумла, Эъломияи Женев дар бораи терурисм дар соли 1987 ва бо такия навиштаҳои файласуфҳои саршиноси ҳуқуқ ин аалиётро навъе терурисми давлатӣ хонда ва аз Президент Раҳмон низ тақозо кардааст, ки амалиёти шаҳри Хоруғро ба унвони "терурисми давлатӣ" эътироф кунад.
Ҳамчунин оқои Зойиров афзудааст, ки аз ин ба баъд рӯзи 24 июл дар Тоҷикистон ба увнони "Рӯзи ёдбуди ҳамаи қурбониёни саркӯб ва амалиётҳои хушунатомези ғайриқонунӣ" эълом шавад.
Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон хостаори он шуда, ки афроде, ки дар судури фармон барои баргузории ин амалиёт даст доштанд, муҷозот шаванд ва ба сазои аъмоли худ бирасанд.
Ин нахустин бор нест, ки раҳбари ин ҳизб мақомоти Тоҷикистонро барои анҷоми амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ дар соли гузашта маломат мекунад.
Дар тобистони соли гузашта баъд аз чанд рӯзи ин амалиёт раёсати Шӯрои сиёсии ҳизби сусиёл-демукрот бо интишори баёнияе давлатро ба истифода аз равишҳои "ғайримутамадин ва муғойири қонуни асосӣ" муттаҳам карда буд.
Аз сӯйи дигар, дар остонаи солрӯзи амалиёти шаҳри Хоруғ иддае аз корбарони Фейсбук саҳифаи вежае барои ёдбуди қурбониёни ин ҳодиса роҳандозӣ кардаанд.
Ин саҳифа, ки ба чаҳор забон "Солгарди ҳодисаи Хоруғ" навишта шудааст, бо навори сиёҳе ороиш ёфта ва дар он бо ёдоварӣ аз ҷузиёти ҳодиса дар шаҳри Хоруғ, аз мардум даъват шудааст, ки барои қурбониёни ин амалиёт дуъо кунанд.
Аз сӯйи дигар, женерол Оразшоҳ Пояндашоев, ки қаблан муъовинати раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро бар уҳда дошт, аз мардум хостааст, ки ба ёди ҳамаи касоне, ки даврони ҷанги дохилӣ ва пас аз он кушта шудаанд, рӯзи 24-уми июлро рӯзи "Сешанбеи сиёҳ" эълом кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар гузоришҳои худ ба созмонҳои байналмилалӣ дар сутӯҳи мухталиф эълом кардаанд, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар шаҳри Хоруғ 23 нафар аз сокинони ин шаҳр, ки 21 нафари онҳо ҷангҷӯён будаанд, кушта шудаанд.
Амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ, ки субҳи рӯзи 24 июли 2012 анҷом шуд, ба гуфтаи манобеъи мустақил, ҳудуди 50 кушта ва даҳҳо захмӣ барҷой гузошт.
Ин амалиёт дар пайи кушта шудани женерол Абдулло Назаров, раиси бахши амният дар Бадахшон, ба дасти афроди номаълум, анҷом шуд, ки вокунишҳо ва интиқодоти густардаеро дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба дунбол дошт.
